Ду сокини Душанбе баъди шикояти ҳамсаронашон боздошту ҳабс шуданд

© Pexels / Vera ArsicМуж и жена ссорятся
Муж и жена ссорятся - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ду сокини шаҳри Душанбе барои хушунати хонаводагӣ 5-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Раёсати умури дохилии ВКД дар шаҳри Душанбе ду мардро пас аз шикояти ҳамсаронашон боздошт кардааст. Мардон дар латукӯби занҳояшон муттаҳам мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи баррасии муроҷиати як зан дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур муайян гардид, ки шаҳрванд М.Ҳ.- и 41- сола нисбати ҳамсари собиқи худ амалу рафтори хушунатоварро истифода мебурдааст.
Охирин бор номбурда 15-уми ноябри соли ҷорӣ нисбати ҳамсари собиқи худ амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.
Муж и жена ссорятся - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Дастгир шудани марди 74-сола барои латукӯби зани ҷавонаш
Гуфта мешавад, нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз гардида, ин мард бо қарори суд ба муҳлати 5 рӯз ҳабс шудааст.
Ҳамзамон пулис сокини дигари 36- солаи пойтахтро бо ҳамин кирдор боздошт кардааст, ки ӯ низ 5 шабонарӯз ҳабс шудааст.
Боздоштшуда санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбати ӯ аз зӯр истифода кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала