Оҷонсии Sputnik корашро дар Ӯзбекистон рушд медиҳад : видео

Ҳайати рӯзноманигорони Sputnik-ро дар Тошканд то 20 нафар афзоиш медиҳанд
Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки шумори кормандони оҷонсии Sputnik афзоиш ёбад. Дар ин бора Дмитрий Киселёв, директори генералии МИА "Россия сегодня" зимни форуми дуюми ВАО-и Русияву Ӯзбекистон дар формати видеоии Маскав - Тошканд изҳор дошт.
Ба гуфти вай, чунин тадбирҳо ба афзоиши табодули иттилоот миёни ду кишвар мусоидат мекунанд.

"Мо бояд бо ҳамдигар аз сари нав шинос шавем, зеро пас аз як давраи муайяни бегонагӣ, росташро гӯем, мамлакатҳои мо хеле тағйир ёфтаанд, онҳо аллакай дигар шудаанд", — таъкид кард Киселёв.

Ӯ қайд кард, ки яке аз хабарнигорони Sputnik шаш сол боз дар редаксияи Ӯзбекистон кор мекунад. Ният аст, штати хабарнигорон ба 20 нафар расонида шавад.
Sputnik моҳи феврали соли ҷорӣ дар Тошканд иҷозатномаи кор гирифт. Ба гуфтаи Киселёв, чунин ҳамкорӣ барои ҳар ду кишвар зарур аст.
Омӯзиши ҳузурии "SputnikPro" барои рӯзноманигорони кишварҳои ИДМ
"Россия сегодня" як гурӯҳи расонаҳои байналмилалӣ мебошад. Рисолати асосии он инъикоси фаврӣ ва мутавозини рӯйдодҳои ҷаҳон мебошад.
Оҷонсӣ як қатор торномаҳои иттилоотиро пешниҳод мекунад: РИА "Новости", "Sport" РИА "Новости", "Prime", РИА "Новости Рейтинг", "Real Estate" РИА "Новости", InoSMI.
Дар кишварҳои хориҷ ин гурӯҳи медиаро хабаргузории байналмилалӣ ва радиои Sputnik намояндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала