Тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳатии офтобӣ интизор аст

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ҳавошиносон мегӯянд, то 22 ноябр дар Тоҷикистон саҳаргоҳон меҳ мефарояду сипас ҳаво офтобӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Рӯзи истироҳат пас аз ҷумъаи меҳӣ дар аксари манотиқи Тоҷикистон хеле гарм ва беабр хоҳад шуд, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносӣ.
Дар Душанбе рӯзҳои наздик ҳаво офтобӣ шуда, рӯзҳои истироҳат аз 13 то 15 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳаво то +2 ° C пешгӯӣ шудааст.
Дар навоҳии тобеи марказ, низ ҳамин гуна ҳавои соф пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр ҳарорати рӯзона дар рӯзи якшанбе то 17, шабона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар баробари ин маноқити кӯҳсор шабона 1—6 дараҷа сард мешавад ва рӯзона сардӣ то 8 дараҷа мерасад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Барфи аввали фасонавӣ дар Душанбе - гузориши тасвирӣ
Дар вилояти Хатлон пас аз шаби сард то 1 ва дар нимаи дуюми рӯзҳои 20-21 ноябр аз 13 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар баробари ин дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғд бидуни бориш аст, вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо то 20 метр дар як сония мерасад. Ҳаво рӯзона то 12 ва шабона то 3 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии Суғд шабона то 10 дараҷа сард ва рӯзона аз -1 то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфи назар аз ҳавои офтобӣ ҳарорат паст мешавад.
Ҳамин тавр дар ғарби ВМКБ шабона то 7, рӯзона ҳудуди 2 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 19 дараҷа ва рӯзона тақрибан 2-7 дараҷа сард мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала