Ӯзбекистону Қирғизистон Афғонистонро кумак мекунанд

© AFP 2021 / DIMITAR DILKOFFАфганские и беженцы зимой, архивное фото
Афганские и беженцы зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз вазъи кунунии Афғонистони нигарон буда, ба тавофуқ расиданд, ки ба мардуми ин ҷумҳурӣ кумаки башардӯстона расонанд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Тошканд ва Бишкек омодаанд, ба мардуми Афғонистон кумаки изтирории башардӯстона расонанд.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов ва муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Таалатбек Масадиқов зимни мулоқот изҳор доштанд.
Ҷонибҳо рушди мусбати ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки ба шарофати муколамаи ошкори роҳбарони ҷумҳуриҳо имконпазир гардид, қайд карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Урдугоҳ барои қабули гурезаҳо аз Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Омодагии Қирғизистон барои "қабул"-и се ҳазор паноҳанда аз Афғонистон
Сиёсатмадорон инчунин масъалаҳои рӯзномаи сиёсати байналхалқиро муҳокима карданд. Аз ҷумла дар бораи таъсири вазъи кунунии Афғонистон ба амнияти тамоми ҷаҳон сухан рафтааст.
Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо дар бораи зарурати ворид крадани Афғонистон ба равандҳои иқтисодии минтақаӣ ба мувофиқа расидаанд.

Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибон

Дар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Девочка между бетонными заграждениями в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Сафири Русия дар Кобул: Афғонистон ба тарафи қаҳтӣ равон аст
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.
Феълан тақрибан 97 дарсади афғонҳо зери хатти фақр қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала