Тоҷикистон ба интиқоди Амрико дар бораи нақзи озодиҳои динӣ вокуниш кард

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Дар Тоҷикистон бар он назаранд, ки гузориши ИМА дар бораи нақзи озодиҳои динӣ дар ин кишвар мунсифона нест
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Кумитаи дини Тоҷикистон ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии ИМА, ки Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ қарор дод, вокуниш кард

"Мо борҳо дар мавриди чунин арзёбиҳо мавқеи худро баён кардаем ва такроран баён медорем: ин гуна баҳогузорӣ чандон мунсифона ба назар намерасад ва он баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест", - гуфтааст Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ин ниҳод барои рафъи чунин сӯитафоҳум гузоришгарони вижаи СММ дар умури динро расман ба Тоҷикистон даъват намудааст, то онҳо ҳузурӣ ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии шаҳрвандон баҳои воқеӣ диҳанд.
Рӯзи гузашта, 18 ноябр, Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико зимни муаррифии гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи озодиҳои динӣ аз 10 кишвари “поймолкунандаи ҳуқуқи динӣ” ном бурд.
Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико, яке аз онҳо Тоҷикистон ва бақия Туркманистон, Чин, Эрон, Кореяи Нимолӣ, Миёнмор, Русия, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Эритрея мебошанд.
Инчунин ИМА Алҷазоир, Ҷазираҳои Комор, Куба, Никарагуа ва илова бар ин толибону ДОИШ*-ро ба ин рӯйхат ворид кардааст.
Верующий молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои динӣ боз дар феҳристи ИМА қарор гирифт
Дар изҳороти котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ягон мисоли мушаххас, истинод ба гузоришҳо ё ягон пойгоҳи дигари далелҳо оварда нашудааст.
Бори аввал нест, ки Департаменти давлатии Амрико мақомоти тоҷикро барои нақзи озодиҳои динӣ танқид мекунад.
Аммо мақомоти кишвар дар гузашта низ гуфта буданд, ки ба интиқодҳои Департаменти давлатии Амрико розӣ шуда наметавонанд, зеро муаллифони гузориш ба маълумоти расонаҳо такя кардаанд, ки "на ҳамаашон асоси воқеӣ доранд".
Ёдовар мешавем, бар асоси хулосаҳои дар гузориш овардашуда, котиби давлатии ИМА метавонад тавсия диҳад, ки баъзе кишварҳо ва созмонҳоро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда, баъдан онҳоро таҳрим кунанд.
* - Ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала