Зодрӯзи Бозор Собир: 20 ноябр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 20 ноября
День 20 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Обуна шудан
Рӯзи бистуми ноябр рӯзи ҷаҳонии кӯдакон буда, дар Мексика Рӯзи инқилоб мебошад. 20 ноябри соли 1938 нависандаи шаҳир Бозор Собир ба дунё омадааст

Рӯзи 20-уми ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1959 СММ Декларатсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд.
Соли 1968 дар натиҷаи силсилатаркиш дар кони Манингтон (ИМА) 99 нафар коргарон ба ҳалокат расиданд.
Соли 2008 аввалин шумораи нашрияи "Мигрант_tj" нашр гардид.

Рӯзи 20-уми ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1939 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.
Соли 2009 Шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Консепсия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро қабул намуд.
День 19 ноября  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Имзои қарор дар барои кӯчондани аҳолӣ аз кӯҳистон: 19 ноябр дар таърих
Соли 2009 аз ҷониби президент Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ба имзо расид.
Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "TajChina-2013" -ро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Ҷашнҳои 20 ноябр

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон.
Дар Мексика – Рӯзи инқилоб.

Рӯзи 20-уми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1908 – олим, шарқшинос, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Корманди шоистаи илми Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев.
Соли 1930 – журналист Музофир Илолов.
Соли 1935-1984 – композитор Саид Ҳамроев.
Соли 1938 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Музаффар Муҳиддинов.
Соли 1946 – мунаққид Абдухолиқ Набиев.
Соли 1946-2004 – доктои илмҳои филологӣ, профессор Шокир Мухтор.
Соли 1953-2000 – нависанда ва коргардон Сайф Раҳимзоди Афардӣ.
Соли 1953-2011 – адабиётшинос Абдуманон Насриддинов.
Соли 1958 – журналист Неъматулло Нурулло.
Соли 1963 – композитор Парвиз Туробӣ.
Соли 1965 – овозхон Сабоҳат Наҷмиддинова.
Соли 1938-2018 – нависанда Бозор Собир.
Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.
Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кард.
Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.
Ӯ дар солҳои 70 ва 80 асри гузашта дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт. Вай бо шеърҳое чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Народный поэт Таджикистана Бозор Собир и народный поэт Таджикистана Муъмин Каноат и внучка Муъмин Каноата Шахноз Комилзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2018
Ёди бузургон: “Бозор Собир Мӯъмин Қаноатро ҳайкали хомӯшӣ мегуфт”
Бозор Собир дар охири солҳои 80 ба ҷунбиши мардумии "Растохез" пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ — парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд.
Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз он ҷо соле баъд ба Амрико рафт.
Шурӯъ аз соли 1994 то моҳи майи соли 2013 муқими ИМА буд.
Дар ин муддат ду дафъа - соли 2000 ва 2010 ба Тоҷикистон омада буд.
27 майи соли 2013 Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон дар барномаи шомгоҳии "Ахбор" эълон кард, ки Бозор Собир баъд аз солҳои тӯлонии ҳиҷрат дар Амрико барои ҳамешагӣ ба Тоҷикистон баргашт.
Рӯзи якуми майи соли 2018, соати 5:10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.
Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир пас аз ҷаноза дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0