Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 115 кило маводи мухаддир дар Ӯзбекистон

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксУничтожение наркотических средств в Таджикистане
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Кормандони бахши интизомӣ панҷ нафарро, ки талош доштанд, ба Ӯзбекистон маводи мухаддир ворид кунанд, боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Қочоқбарон талош кардаанд, аз Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ӯзбекистон беш аз 115 кило ҳашиш, афюн ва ҳероин ворид кунанд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо боздошти вайронкунандагони хатти марз аз ин кор пешгирӣ карданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба маркази матбуотии Хадамоти амнияти давлатии ин ҷумҳурӣ.
Кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Сурхондарё якҷоя бо Раёсати гумруки вилоят зимни баргузории як чорабинии оперативӣ 4 шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир намуданд.
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон
Онҳо дар қочоқ ва паҳн кардани маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд.

"Ҳангоми боздошт 67 килою 43 грам афюн, 47 килою 913 грам ҳашиш ва 446 грам ҳероин мусодира шуд", — омадааст дар хабари Хадамоти амнияти давлатӣ.

Вазни умумии маводи мусодирашуда 115,4 килоро ташкил додааст.
Ин доруи марговар аз Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ӯзбекистон оварда шуда, як қисми маводи мухаддир дар анборҳо, дар кӯҳистони вилояти Сурхондарё пинҳон будааст.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала