Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баста шуд: сабаб

© Sputnik / Амир ИсаевЗаснеженный аэропорт в Душанбе
Заснеженный аэропорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Бандари ҳавоии Душанбе 14 соат боз баста аст
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бар асари фаромадани меғи шадид баста шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба котиби матбуотии фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.
"Дар пайи тумани шадид фурудгоҳ аз соати 22.00 (20.00 ба вақти Маскав) рӯзи ҷумъа ва то ҳоло баста аст", — гуфт Ҳусейнова.
Ба гуфти сухангӯй, бар асари фаромадани туман чаҳор парвоз ба фурудгоҳи Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон интиқол дода шуда, як парвози дигар то ҳол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аст.
"Ҳоло ҳафт парвоз аз Маскав (се), Самара, Красноярск, Дубай ва Тошканд ба таъхир афтодааст", - гуфт ӯ.
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Таъмир: фурудгоҳи Душанбе як моҳ рӯзона баста хоҳад буд
Намояндаи фурудгоҳ афзуд, тибқи пешгӯиҳо, ҳаво то соати 13.00 ба вақти маҳаллӣ (11.00 ба вақти Маскав) беҳтар хоҳад шуд.
Дар ин сурат фурудгоҳи Душанбе ба таври муқаррарӣ ба кор шурӯъ мекунад.
Қаблан ҳавошиносон ҳушдор дода буданд, ки ҳаво дар Тоҷикистон номусоид мешавад. То нисфирӯзӣ қариб ҳамаи манотиқи кишварро тормеғ фаро мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала