Талоши ширкатҳои Ҳонконг барои роҳандозии пули диҷиталӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкБиткойн -криптовалюта
Биткойн -криптовалюта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Обуна шудан
Ширкатҳои Ҳонгконг қасд доранд, дар Тоҷикистон криптовалюта ва ё пули диҷиталиро роҳандозӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ширкатҳои Ҳонгконг аз нияти ифтитоҳи намояндагӣ дар Тоҷикистон барои мавриди истифода қарор додани пули диҷиталӣ хабар доданд, гузориш медиҳад PR "Newswire".
Созишнома дар бораи иҷрои тарҳи муштараки коркарди криптовалюта дар Тоҷикистонро якбора ду ширкати Ҳонгконг "Lion Group Holding" ва "New Full Rich" имзо кардаанд.
Лоиҳа дар Тоҷикистон тавассути ширкати маҳаллии "Ganj Technology", ки мутааллиқ ба ширкати "New Full Rich" аст, амалӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ин лоиҳа аллакай аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ ва дастгирӣ шудааст.
Қарор аст, дар яке аз минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон корхона таъсис шавад, ки дар он компютерҳои пуриқтидор ва дигар таҷҳизоти коркади пули диҷиталӣ овардаву насб мешаванд.
Виртуальная валюта Биткоин, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2021
Ошкор шудани даҳҳо фарди масруф дар тиҷорати криптовалюта дар Тоҷикисто
Ҳамин тавр барои амалӣ кардани тарҳи "Lion Group Holding" ният дорад, 10 ҳазор мошини коркарди криптовалюта харад ва интизор меравад, ки дар як рӯз 3,38 биткоин кор кунад.
Марҳилаи аввали сохтмони инфрасохтори рақамӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Ташкилкунандагон интизор доранд, ки солона на камтар аз 25 миллион доллар фоида ба даст оранд.
Дар оянда иқтидори корхона ду баробар зиёд шуда, даромад дар як шабонарӯз қариб 220 хазор долларро ташкил медихад.
Уилсон Ванг, мудири кулли ин гурӯҳ гуфт, ки Тоҷикистон дорои манобеи нодири об аст, ки дар тавлиди пули рақамӣ нақши калидӣ дорад.
Дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нархи нерӯи барқ ​​низ хеле муҳим аст.
Лентаи хабарҳо
0