Чаро бояд камераи телефонро пӯшонд? Посухи коршинос

CC0 / Pixabay / Девушка пишет сообщение на телефоне
Девушка пишет сообщение на телефоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Зимни истифодаи телефон эҳтимоли ҳадафи назорати қаллобон қарор гирифтан зиёд аст. Мутахассис гуфт, чӣ гуна худро аз чунин ашхос муҳофизат бояд кард
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Барои муҳофизат аз қаллобон Шумо бояд камераи смартфони худро пӯшонед, гуфт Олга Соколова, як мақоми Оҷонсии таҳлили васоити ахбори иҷтимоии "Digital Guru".
Ба гуфти вай, қаллобон метавонанд тавассути камераи телефони мобилӣ бо истифода аз барномаҳои мухталифи зараровар ба кори шумо халал расонанд.
Барои муҳофизат аз чунин корҳои бад чанд роҳи ҳал вуҷуд дорад. Масалан, Шумо метавонед пардаҳои махсусро ҳам ба камера ва ҳам ба микрофон часпонед, аммо ин асбобҳо номукаммаланд.
თავის ქალა - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Мағзи сари инсон метавонад ояндаро пешгӯӣ кунад: олимон
"Онҳо метавонанд сенсорҳои смартфонҳоро маҳкам кунанд, ки бо онҳо равшании экранро муайян мекунанд. Баъзе истеҳсолкунандагони телефон аллакай гаҷетҳои мобилӣ бо камераҳои пардадор пешниҳод кардаанд ва як истеҳсолкунандаи маъруфи чинӣ телефонҳое низ дорад, ки ҳангоми фаъол кардани режими камера дастгоҳ аз ҷояш мебарояд. Ҳамин тавр, Шумо ҳамеша метавонед фаҳмед, ки камера кай истифода мешавад", - гуфт Соколова.
Мутахассис қайд кард, ки маҳдудияти истифодаи камера аз ҷониби барномаҳо низ бояд назорат карда шавад.
Ин махсусан муҳим аст, вақте сухан дар бораи он барномаҳое меравад, ки аз онҳо кам истифода мешавад. Мавод дар асоси мақолаи "Известия" омода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала