Куштори даҳшатбор дар Гулистон: зани ҷавон шавҳарашро бо табар то мурдан зад

© PixabayТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Ин ҳодиса дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ рух додааст. Зани ҷавон ба гумони одамкушӣ дастгир шуд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Зани ҷавон дар пайи муноқишаи оилавӣ шавҳарашро бо табар куштааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳодисаи куштори даҳшатбор дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ки зани 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир шуд.
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Ду куштори даҳшатбор дар Тоҷикистон: келин хушдоманашро кушту мард ҳамсарашро
Номбурда шаби 18-уми ноябр, тахминан соати 21:50-дақиқа, аз сабаби муноқишаи оилавӣ шавҳараш, марди 40-солаи сокини ҳамон ҷоро бо табар 4 бор ба сараш задааст.

"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Боздошти шаҳрванди Эрон дар Душанбе: ба рӯйи ҳамсари собиқаш кислота пошиду бо табар зад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала