Мирзиёев дар бораи муносибот бо Русия: Қаблан чунин набуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксГосударственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан
Государственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Мирзиёев аз се форуми бузург, ки дар сафари ӯ ба Русия баргузор шуд, натиҷагирӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар оғози мулоқот Шавкат Мирзиёев ба Владимир Путин барои даъват ба Русия ва истиқболи самимӣ изҳори сипос кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Кремл.
Раисҷумҳури Ӯзбекистон ба пешрафт дар равобити дуҷониба ишора кард: "Мо ҳеҷ гоҳ чунин нишондодҳоро надоштем".

"Чунон ки Шумо гуфтед, тиҷорат афзоиш меёбад: дар нуҳ моҳи аввал он аллакай панҷ миллиард доллар аст ва дар як сол ба ҳафт миллиард мерасад. Дар муносибатҳои мо ҳеҷ гоҳ чунин рақам набуд. Дар воқеъ ман барои дастгирии созишномаҳои мутақобилаи мо миннатдорам", - гуфт президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

Сарвари ҷумҳурӣ натиҷаҳои таъсирбахши кори Комиссияи байниҳукуматиро таҳти роҳбарии нахуствазирони ҳар ду давлат қайд кард.
Ҳамчунин Мирзиёев аз се форуми бузург, ки дар ин сафар баргузор шуд, натиҷагирӣ кард:
дар Форуми байниминтақавӣ роҳандозии тарҳҳо ба маблағи то 14 миллиард доллар мувофиқа шуд
дар натиҷаи Форуми таълимӣ зиёда аз 35 созишнома ба имзо расид. Ва дар се соли охир дар Ӯзбекистон 11 филиали нави донишгоҳҳои Русия ба фаъолият шуруъ карданд.
Ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ ва нақлиётӣ фаъолона инкишоф меёбанд. Шавкат Мирзиёев дар алоҳидагӣ ба равобити байнипарлумонӣ таваҷҷуҳ кард - "чунин ҳам пештар набуд". Кор хеле ҷиддӣ давом дорад, ҳамаи шартномаҳо таҳти назорати доимӣ мебошанд.
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Имзои беш аз 100 созишномаи нав миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия
"Мавзуъҳое ҳастанд, ки дар бораи он бояд суҳбат кунем, зеро имрӯз сатҳи муносиботи мо комилан дигар аст. Интегратсияи амиқтар дар ҳама самт идома дорад ва он воқеан амиқтар мешавад, зеро қаблан лоиҳаҳое буданд, ки байни минтақаҳо созишномаҳо баста мешуданд ва имрӯз лоиҳаҳое ҳастанд, ки арзиши иловагӣ мебахшанд. Инҳо лоиҳаҳои ҷиддӣ ҳастанд, мо дар ин бора мубодила кардем, дар соҳаи металлургия лоиҳаҳои калон вуҷуд доранд ва онҳо хеле муваффақанд", - гуфт президент.
Кишвардор қайд кард, ки ҷаласаи кунунӣ имкони хубест барои баррасии ин масъалаҳо: масъалаҳои байниминтақаӣ, дуҷониба, амният, масъалаи Афғонистон ва қабули қарорҳои ҷиддӣ барои оянда.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала