Мулоқоти Путин ва Мирзиёев: президентҳо дар бораи чӣ ба мувофиқа расиданд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Узбекистана Ш. Мирзиёевым
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Узбекистана Ш. Мирзиёевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Путин аз иқдомоти Ӯзбекистон барои мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар ҷараёни сафари президенти Шавкат Мирзиёев ба Маскав миёни Русия ва Ӯзбекистон 18 санад ба имзо расид, хабар медиҳад сомонаи Кремл.
Зимнан зикр мегардад, ки дар паи музокироти президентҳои Ӯзбекистону Русия Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин Изҳороти муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ қабул гардид.

"Дар маҷмуъ дар чаҳорчӯби ин сафар 18 санади дуҷониба ба имзо расид", — омадааст дар иттилоияи торномаи хадамоти матбуот раҳбари Русия.

Путин ва Мирзиёев аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки аз истифодаи фанновариҳои IT барои амалҳои таҷовузкорона, террористиву ҷиноӣ ва дахолат ба корҳои дохилии дигар кишварҳо пешгирӣ кунанд.
Зимнан зикр мегардад, президентҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро, ки бар асоси шарикии стратегӣ ва боварӣ асос ёфтаанд, изҳор доштанд.
Государственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Мирзиёев дар бораи муносибот бо Русия: Қаблан чунин набуд
Сарони ду кишвар дар бораи амнияти минтақа ва вазъи Афғонистон табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои дуҷонибаи байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ва мудофиаро идома диҳанд ва ҳамчунин омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ тасдиқ намуданд.
Аз асноде, ки дар ҳошияи музокироти руасои Русия ва Ӯзбекистон ба имзо расид, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти байналмилалии иттилоотӣ, Барномаи фарогири ҳамкориҳои ҳукуматҳои ду кишвар барои солҳои 2022-2026 мебошад.
Ҳамчунин намояндагони ду кишвар як ёддошти тафоҳум дар бораи масъалаҳои амнияти биологӣ, созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2022-2023-ро ба имзо расониданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала