Садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Вазорати умури дохилӣ аз садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон ду кас ҷон бохту ду нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Дар пайи садамаи аввалӣ, ки дар ноҳияи Рашт рух додааст, ронанда ҳалок ва мусофир бистарӣ гардидааст.
Тибқи гузориши ВУД, ин ҳодиса шоми 19-уми ноябр, тахминан соати 18:30-дақиқа рух додааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ-21061", сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи деҳаи Шаҳринави ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба санги канори роҳ бархӯрдааст.

"Дар натиҷа ронандаи худрави мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш, зани 45-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳодисаи дигари нохуши нақлиётӣ шаби 19-уми ноябр, тахминан соати 20:30-дақиқа рух додааст.
Дар ин ҳодиса ноуҳдабароии ронандаи боркаши тамғаи "Шаанхи", сокини 54-солаи ҷамоати шаҳри Ҳисор боиси марги ноболиғ шуд.
Дорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: Мошин ба дарё сарозер шуду се мусофир фавтид
Ӯ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард - ноболиғи 9-сола, сокини ҷамоати деҳоти А. Ҳасанови ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала