СММ аз хатари марги як миллион кӯдаки афғон ҳушдор доду аз ҷаҳониён кумак хост

© Sputnik / Alexander Grashchenkov  / Гузаштан ба хазинаи аксЮный житель кишлака Мадузай-Кала под Кандагаром
Юный житель кишлака Мадузай-Кала под Кандагаром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Дар Афғонистон миллионҳо кудак дастрасии пурра ба ғизо надорад ва як миллиони дигар бо хатари марг рӯ ба рӯст
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 20 ноябр таҷлил мешавад, гуфт, беш аз як миллион кӯдак дар Афғонистон бо хатари марг рӯ ба рӯст.
Ин созмон ҳамчунин меафзояд, ба беш аз се миллион кӯдаки дигар дар Афғонистон хатари камғизоӣ таҳдид мекунад.
Ба далели мушкилоти фаровоне, ки кӯдакон дар Афғонистон рӯ ба рӯ ҳастанд, Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид заминаи сафҳаи "Твиттер"-ашро аз кабуд ба сиёҳ иваз кард ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар Афғонистон таҷлил накард.
Женщины и дети выстроились в очередь возле пекарни в Кабуле, ожидая раздачи бесплатного хлеба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Фақри шадид дар Ғур: хонаводаҳо бо шиками гурусна рӯи ҷода мехобанд – акс
Сэм Морт, мудири Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид гуфт: "Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аст, аммо Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид онро таҷлил накардааст".
Чордаҳ миллион кӯдак дар хатари гуруснагӣ ва беш аз 3 миллион кӯдаки дигар зери хатари норасоии ғизо қарор доранд. Агар мо амал накунем, зиёда аз як миллион кӯдак аз гуруснагии шадид мемиранд.
Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарони ҷаҳон даъват кардааст, ки ба вазъи ногувори кӯдакони афғонистонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд ва дар ҷилавгирӣ аз буҳрони башарӣ дар Афғонистон кумак кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала