Вазорати тандурустии Тоҷикистон сатҳи масунияти умумӣ аз COVID-19- ро гуфт

Вакцинация covid-19  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Мақомоти Тоҷикистон маълумот дар бораи шумори афроди зидди коронавирус моякӯбишударо нав кард
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори нав дар бораи ҷараёни эмгузаронӣ алайҳи коронавирусро нашр кард.
Ба иттилои ин вазорат, то 18 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон 2 миллиону 710 ҳазор нафар моякӯбӣ шуда, ки 48,6 дарсади аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, 2 миллиону 390 ҳазор сокини Тоҷикистон, яъне 41 дарсади аҳолӣ аллакай ҳар ду марҳилаи эмгузарониро анҷом додаанд.
Вазорати тандурустӣ ёдовар шуд, ки тибқи қарори ситоди ҷумҳурияви пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси COVID-19, аз сеюми июли соли ҷорӣ барои шаҳрвандони 18-сола ва болотар аз ин беморӣ эмгузаронӣ ҳатмӣ мебошад.
Госпиталь для больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон
"Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ҳатман ба пизишки оилавӣ ё муассисаи тандурустии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Ваксинаи зидди коронавирус ройгон зада мешавад", - гуфтааст ин ниҳод.
Ба гуфтаи мақомот, дар чаҳорчӯби механизми COVAX ва кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон беш аз 5 миллион воксинҳои зидди коронавирус ворид шудааст.
Ҳоло дар кишвар барои эмкунии аҳолӣ 5 намуди ваксинаҳои COVID-19 мавҷуданд: "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Sputnik V".
Сокинон метавонанд бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон дар муассисаи тиббии мувофиқ ройгон ваксина гиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала