Толибон ба пардохти маоши хидматчиёни давлатӣ сар карданд: "нафақаро ҳам медиҳем"

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARТалибы стоят на улице
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Толибон аз рӯзи шанбе ба пардохти маоши семоҳаи хизматчиёни давлатӣ шуруъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ гуфт, аз рӯзи шанбе ба пардохти маош ба хизматчиёни давлатӣ шуруъ мекунад.
Бисёре аз афғонистониҳо, аз ҷумла хидматчиёни давлатӣ, кормандони бахшҳои Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ, кормандони маорифу тандурустӣ моҳҳо боз маош намегирифтанд. Садҳо табиб ва корманди корпоратсияи давлатии энержӣ дар Кобул алайҳи таъхири маош эътироз карданд.
Вазири корҳои хориҷии толибон Амирхон Муттақӣ гуфт, ки таъхир дар пардохтҳо ба тақрибан ним миллион корманди давлатӣ таъсир кардааст.
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ ба далели набуди доруворӣ баста шуд
"Вазорати молияи имороти исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) мегӯяд, аз имрӯз (шанбе) маоши се моҳи гузашта ба ҳамаи хидматчиёни давлатӣ пардохт мешавад", - навиштааст Муҷоҳид дар "Твиттер"-аш
Аҳмад Валӣ Ҳакмол, намояндаи Вазорати молия дар нишасти хабарие гуфт, пас аз рафъи мушкилоти фаннӣ пардохти нафақа низ шуруъ мешавад.
Пас аз ба дасти толиб гузаштани Кобул бонкҳои ғарбӣ бо дастури Амрико дороиҳои хориҷии Афғонистонро масдуд ва Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳониву Иттиҳодияи Аврупо маблағгузории тарҳҳоро мутаваққиф карданд.
Дар он вақт дороиҳои Бонки давлатии Афғонистон 9 миллиард доллар бо асъори хориҷӣ буда, беш аз 7 миллиард доллар дар бонкҳои Амрико қарор дошт.
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
СММ: Толибон дар баробари густариши ДОИШ* дар Афғонистон нотавонанд
Дар охири моҳи сентябр Вазорати молияи ИМА эълон кард, ки ба Ҳукумати ИМА, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва баъзе созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба СММ иҷоза медиҳад, ки амалиёти маҳдуди молӣ бо толибон ва шабакаи "Ҳаққонӣ"* барои рафъи эҳтиёҷоти башардӯстонаи афғонҳо анҷом диҳад.
Дар авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояти артиши Амрико буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Толибон гуфтанд қарзи барқи Тоҷикистонро медиҳанд: коршинос гуфт, наметавонанд
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Дар авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳрими СММ қарор дорад.
Ҳамакнун беш аз се моҳ аст, ки ҷангҷӯён ҳукуматро идора мекунанд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
*Дар Русия ҳамчун ташкилоти террористӣ мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала