Дар Ӯзбекистон Ҷашнвораи шашмақомсароёни ҷавон баргузор мегардад

© Дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги ТоҷикистонҶашнвораи Шашмақом дар Конибодом
Ҷашнвораи Шашмақом дар Конибодом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Ин ҷашнвора ҳамакнун дар ду сол як бор баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар Ӯзбекистон Ҷашнвораи сарояндаҳои ҷавони шашмақом баргузор мегардад, хабар медиҳад, агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон "УзА".
Бино ба гузориши манбаъ, қарори макзур аз ҷониби Девони Вазирони Ӯзбекистон қабул шудааст.
Вакилон тарҳеро қабул намудаанд, ки аз соли 2022 Фестивали сарояндаҳои ҷавони шашмақом дар Бухоро дар ду сол як бор баргузор мешавад.
Барномаҳое, ки дар ҷашнвора иҷро мешаванд, аз ҷониби созмондиҳандагон тасдиқ ва се моҳ пеш аз ҷашнвора дар расонаҳо нашр хоҳад шуд.
Посол Франции Ясмин Гуедар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2020
Сафири Фаронса дар мулоқот бо вазири фарҳанг аз таваҷҷӯҳ ба шашмақом ва синамои тоҷик гуфт
Дар ҷашнвора гурӯҳҳои эҷодӣ ширкат хоҳанд кард. Синни ширкаткунандагон то 30-сола аст.
Баҳодиҳии баромади иштирокчиён ва мукофотонидани ғолибон дар вазъияти тантанавӣ сурат мегирад. Ташкилкунандагон инчунин ҳуқуқ доранд, ки истеҳсолкунандагон ва менеҷерони пешқадами ҷаҳонро ба чорабинӣ даъват намоянд.
Таърихи пайдоиши шашмақом ба замони Борбад (асри VII милодӣ) рост меояд. Дар маданияти мусиқии Тоҷикистон шашмақом таҷассуми рӯшани анъанаҳои чандинасраи мусиқии классикии миллӣ мебошад.
Ин ба шарофати заҳмати устодони маъруфи мактабҳои Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд, аз қабили Домулло Ҳалим, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз ва дигарон, сипас шогирдону пайравони онҳо — Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев идома ёфт.
Ҳунарнамоии Юлдуз Усмонова дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова бо суруди тоҷикӣ мухлисонашро дар Душанбе ба по хезонд - видео
Дар замони соҳибистиқлолӣ, 12 майи соли 2000 бо фармони президенти Тоҷикистон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Аз соли 2002 сар карда, дар саросари кишвар 12 май Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад.
Бо ташаббуси Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ин навъи хониш ба феҳристи Юнеско пешниҳод гардид, ки 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала