Дидори намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон ва раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд. Зимни мулоқот Эрон бар идомаи ҳамкориҳо бо Афғонистон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар сафари худ ба Кобул бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дидор кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дар бораи вазъияти кунунии Афғонистон ва идомаи ҳамкории Теҳрон бо Кобул дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, башардӯстона, омӯзишӣ ва ғайра гуфтугӯ карданд.
Манбаъ таъкид доштааст, намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон зимни мулоқот гуфт, бо ҳукумати нав ба тавофуқ расидем, ки кумитаҳои ҳамкории муштараки ду кишвар ташкил ва фароянди умур барои беҳбуди шароити миллати Афғонистон ба сурати муназзам пайгирӣ ва ба марҳалаи иҷро бирасад.
Председатель высшего совета Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Толибон: Муҷримоне мисли Карзай ва Абдуллоҳ низ вориди афви умумӣ шудаанд
Ҳамчунин илова карда шуд, ки зимни сафари намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон ба Кобул кумитаҳои ҳамкории муштараки миёни ду кишвар оғоз ба кор карданд.
Намояндагони Эрон ва толибон дар кумитаҳои иқтисод, сӯхт, обу барқ, атбои хориҷӣ ва фарҳанг барномаҳои худро барои тавсеаи равобити байни Эрону Афғонистон ироа карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала