Дипломатҳои баландпояи Аврупо вориди Душанбе шуданд: Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварист

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонҶозеп Боррелл, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният (дар байн)
Ҷозеп Боррелл, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният  (дар байн) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Як ҳайати дипломатҳои баландпояи Иттиҳоди Аврупо аз шаҳри Брюсел ба Душанбе омаданд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҷозеп Боррелл, ноиби президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният вориди Душанбе шудаст.
Ба иттилои расида, шоми 21 ноябр ҳамроҳи Боррелл, инчунин хонум Ютта Урпилайнен, фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар умури байналмилалӣ ва ҳамзамон вазири молияи Финландия ба Душанбе омадааст.
Ҳадафи сафари ин ва дигар дипломатҳои баландпояи ИА ба Тоҷикистон иштирок дар ҷаласаи вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ мегардад. Аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа гуфта мешавад.
Али Акбар Салехи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Собиқ вазири Эрон гуфт, вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад
Моҳи октябри соли равон зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар Аврупо баргузор шуд, Ҷозеп Боррелл ҳавасмандияшро барои густариши ҳамкорӣ баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Боррелл дар ин мулоқот гуфт, Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими равобити минтақавӣ манфиатдор аст ва ин масоил меҳвари гуфтушунидҳо дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии G5+1 дар шаҳри Душанбе хоҳанд буд.
Манбаъ афзуд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳо, бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути тадбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала