Намоиши филми тоҷикӣ дар Ҷашнвораи байналмилалии синамо дар Минск

© © Пресс-служба Посольства Таджикистана в РоссииПоказ таджикских фильмов в Третьяковской галерее
Показ таджикских фильмов в Третьяковской галерее - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Филми коргардони тоҷик ба феҳристи озмуни “Синамо барои ҷавонон” шомил шуд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар Беларус маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи XXVII байналмилалии синамои Минск “Хазонрез” баргузор шуд, хабар медиҳад БелТА.
Табақи рамзии ҷашнро раиси ҷашнвора, Ҳунарпешаи халқии Беларус Александр Ефремов шикаст.
Ин ҳамоиши фарҳангӣ дар пойтахти Беларус аз 20 то 26 ноябр таҳти шиори "Синамо симфонияи ваҳдат аст", баргузор мешавад. Барномаи озмун аз чаҳор бахш иборат аст: филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, озмуни филмҳои ҷавонон - “Кинои ҷавон” ва озмуни филмҳо барои кӯдакону наврасон - “Лiстападзік”.
Дар ҷашнвора ба ҳайати доварон 13 филм пешниҳод мешавад. Ва 24 филм ба озмуни "Синамо барои ҷавонон" интихоб шудааст, ки дар миёни онҳо филми тоҷикӣ низ ҳаст.
Съемки телепередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Филми тоҷикии "Этюд" дар Испания намоиш дода мешавад
Дар Ҷашнвораи байналмилалии синамо Манзаралӣ Шералӣ бо филми кӯтоҳи “Бори изофӣ” ҷумҳуриро муаррифӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки филми коргардони тоҷик аллакай дар озмуни “Синамои ҷаҳонии ҷавонон дар Ӯзбекистони нав” дар ҷашнвораи 13-умин синамои байналмилалии “Гавҳари Роҳи абрешим” дар Тошканд ҷоиза гирифта буд. Ҳамчунин дар ҷашнвораи синамои X байналхалқии филмҳои кутоҳмуддати кишварҳои ИДМ ҳамчун беҳтарин филм дониста шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала