Салиби Сурх маоши кормандони беҳдоштӣ ва хидматиро пардохт мекунад

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксМеждународный комитет Красного Креста
Международный комитет Красного Креста  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Раиси иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид бо ибрози нигаронӣ аз авзои бади хадамои беҳдоштӣ аз ироаи кумакҳои ин созмон ба ниҳодҳои беҳдоштии Афғонистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх хабар додааст, ки дар мувофиқа бо мақомоти толибон ва бидуни дахолати ҳукумати нав маоши кормандони соҳаи беҳдошт ва хидматиро мустақиман пардохт хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "TOLOnews".
"Мо бо мақомҳои толибон дар Вазорати тандурустӣ тавофуқ кардем, ки пули нақд ба шифохонаҳо мустақиман аз сӯйи ин созмон интиқол дода мешавад, на аз сӯйи мақомҳои толибон ва ҳамчунон бо муассисаҳои имдодрасон низ тафоҳум кардаем, ки мо ҳамчун як ниҳоди мустақил маоши кормандонро пардохт намоем. Бояд фаромӯш накунем, шумори бештари кормандони бахши тандурустӣ, кормандони бахши обу барқ ҳамон кормандони собиқ ҳастанд. Тағйир фақат дар роҳбарият ба вуҷуд омадааст, на дар мавриди кормандон”, - гуфт Питер Мориер, раиси Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх.
Девочка между бетонными заграждениями в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Сафири Русия дар Кобул: Афғонистон ба тарафи қаҳтӣ равон аст
Дар ҳамин ҳол раиси иҷроияи Созмони Милал аз вазъи бади хадамоти беҳдоштӣ изҳори нигаронӣ карда, эълом кард, ки кумак ба ниҳодҳои беҳдоштии Афғонистон ба зудӣ ироа мешавад.
"Мо бо шуморе аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар расонидани кумакҳои наҷотдиҳанда, ки шомили бастаҳои сиҳҳӣ барои модарон низ мебошад, кор мекунем. Мо инчунин марказҳои хидматрасонӣ дорем, ки баъзеи онҳо боз ва баъзеи онҳо баста ҳастанд", - гуфт Сима Сомӣ Баҳус, мудири иҷроияи умури занони СММ.
Вай гуфт, "мо ба наҷотёфтагони хушунат алайҳи занону духтарон хидмат расонида истодаем ва барои пешгирии ин хушунатҳо талош хоҳем кард".
Дар ҳамин ҳол Вазорати молия мегӯяд, ҳеҷ гуна кумаки шартиро ба Афғонистон қабул намекунад.
Аҳмад Валӣ Ҳакмал, сухангӯи Вазорати молияи Афғонистон гуфт, "ваъдаҳо буданд, ки талош мекунем, маоши кормандонро пардохт кунем, аммо то ҳол иҷро нашудааст, аммо мо кумаки шартиро қабул намекунем".
Афганцы у центра выдачи паспортов в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон
Аз сӯйи дигар теъдоде аз пизишкон аз иқдоми Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх истиқбол мекунанд ва интизор доранд, ки нақшаҳои онҳо ҳарчи зудтар амалӣ шавад.

"Мо се моҳ аст, ки маошамонро нагирифтаем ва аз ҳама ниҳодҳои масъул хоҳиш мекунем, раванди тақсимотро, ки мехоҳанд татбиқ кунанд, суръат бахшанд", - гуфт Вида Ҳабибӣ, масъули назорати сиҳҳати омма.

Доктор Муҳаммад Акрам Каримӣ, пизишк гуфт: "Дар ин вазъияти вазнин мо Салиби Сурхро барои гирифтани маоши кормандони худ аз таҳти дил ситоиш мекунем ва умедворем, ки онҳо ин иқдомро ҳарчи зудтар амалӣ хоҳанд кард".
Дар ҳамин ҳол ахиран Вазорати беҳдошт аз қатъи кумакҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки беш аз 34 бемористон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон ба далели камбуди кумак баста шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала