Шӯрои амнияти Русия аз фитнаи Киев дар наздикии марз ҳушдор дод

Пограничный пункт пропуска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Шӯрои амнияти Русия гуфт, эҳтимолияти фитнаангезӣ аз ҷониби Украина дар наздикии марз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Афзоиши назарраси эҳтимолияти иғвоангезии Украина дар наздикии марз бо Русияро Александр Гребенкин, ноиби дабири Шӯрои амният таъкид намудаст.
Гребенкин дар суҳбат бо "Российская газета" изҳор доштаст, ки эҳтимоли иғвоангезӣ аз ҷониби хадамоти махсус ва гурӯҳҳои ифротӣ дар самти Қрим бештар мебошад.
"Инчунин хатари фитнаангезӣ дар мавриди иншооти баҳрӣ, нақлиётӣ, гузаргоҳҳо дар баҳрҳои Сиёҳ ва Азов боло рафтаанд", - таъкид намудаст ӯ.
Вай илова кардаст, ки дар Украина русбезорҳо сари қудрат омадаанд, ки бидуни далеле Русияро ғосиб эълон намудаанд. Ин омили манфии таъсиррасон ба вазъ дар марзи Русия ва Украина номида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Кирилл Буданов, раиси хадамоти истихборотии Украина гуфт, Русия метавонад ба кишвараш моҳи январ ва ё аввали феврал ҳамла кунад. Ӯ таъкид намудааст, ки дар наздикии марз ҳудуди 92 ҳазор низомии Русия ҷамъ оварда шуданд.
Эсминец с управляемым ракетным оружием типа Арли Берк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
"Намоиши зӯри бозу": коршинос дар бораи амалиёти ИМА дар баҳри Сиёҳ
Дар ин робита Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, Вазорати дифои кишвар мувофиқи салоҳдиди худ дар ҳар қисме аз қаламрави кишвар метавонад нерӯҳоро ҷой кунад ва ин ба касе таҳдиде надорад. Инчунин дар Кремл афзуданд, ки вазъ дар Украина масъалаи дохилӣ буда, Русия ба он дахолат намекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала