Собиқ вазири Эрон гуфт, вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад

© AFP 2021Али Акбар Салехи
Али Акбар Салехи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Вазъи Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мухолифини ИМА дар минтақа таҳдид дорад, изҳор дошт вазири умури хориҷии пешини Эрон, Алӣ Акбар Солеҳӣ
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Фирори ИМА аз Афғонистон ба бесубботӣ дар Осиёи Марказӣ овард, таъкид намудаст Акбар Солеҳӣ дар суҳбат бо рӯзномаи Sharq.
Вазири пешини умури хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки вазъи Афғонистон метавонад ба минтақаи Кашмири Ҳинд, Туркистони шарқӣ, минтақаҳои Пахтунхва ва Вазиристони Покистону марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ хатар эҷод кунад.
Алӣ Акбар Солеҳӣ қайд кард, ки афзоиши ифротгароию миллатгароӣ ва инчунин дастгирии созмони террористии ДИИШ* низ барои икшвраҳои минтақа таҳдид доранд.
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Дидори намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Ӯ қайд кард, ки вазъи Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказиро водор месозад, ки хароҷот барои мудофиаро афзоиш диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки вазъ дар Афғонистон моҳи июни соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар шиддат гирифта, толибҳо нахуст аз минтақаҳо ва нимаи моҳи август Кобулро ба зери итоати худ дароварданд.
Инчунин ҷангҷӯён кафолат додаанд, ки нияти дахолат ба умури кишварҳои ҳамсоя ва убури марзи онҳоро надоранд. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар ба хориҷ фирор карда, сабаби ин амалашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул хонд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала