Собянин: Теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав кам шудааст

© Пресс-служба мэра и правительства Москвы / Гузаштан ба хазинаи аксРеконструкция стадиона "Москвич"
Реконструкция стадиона Москвич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Дар пойтахти Русия ба ҷои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ кормандон аз минтақаҳои дигари кишвар ҷалб мегарданд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳои пойтахт хабар дод.
Собянин зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 1" гуфт, бо вуҷуди пандемия ва коҳиши муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ сохтмон дар пойтахт майли афзоиш дорад.
"Теъдоди муҳоҷирон дар майдонҳои сохтмонии шаҳри Маскав, ҳадди ақал дар доираи сохтмонҳое, ки шаҳрдорӣ фармоиш медиҳад, ҳудуди ду баробар коҳиш ёфтааст", - изҳор дошт шаҳрдори Маскав.
Мусульмане перед намазом в день праздника Ураза-байрам у Соборной мечети в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Теъдоди мусалмонони Маскав дақиқ шуд
Ӯ таъкид намуд, ки ба ҷои муҳоҷирони корӣ мутахассисон аз навоҳии Русия ҷалб шуда истодаанд.
Собянин чунин нишондодҳоро натиҷаи хуб унвон кард.
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯзи қабл шаҳрдори Маскав барои коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои пойтахт дастур дода буд. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин ҷойҳои корӣ бояд кадрҳои ҳирфаӣ аз минтақаҳои Русия ҷалб шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала