Танҳо як тоҷикистонӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дастхобонӣ иштирок мекунад

© Sputnik / Герман Шейн / Гузаштан ба хазинаи аксСоревнования по армрестлингу, архивное фото
Соревнования по армрестлингу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Ҳусайнҷон Қурбонов, ягона намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дастхобонӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Мусобиқаи ҷаҳонии дастхобонӣ аз 24 ноябр то 3 декабр дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор мешавад.
Фарҳод Султонов, роҳбари Ассотсиатсияи варзиши дастхобонии Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон далели як намоянда доштани ҷумҳуриро шарҳ дод.
"Имсол дар Руминия 43-юм қаҳрамонии ҷаҳон гузаронда мешавад. Мо ният доштем, ки дар ҳайати васеъ дар он иштирок кунем, аммо мутаассифона, танҳо як варзишгар дастгирӣ ёфт. Мо як намоянда - қаҳрамони Осиё, Ҳусайнҷон Қурбонов аз ВМКБ хоҳем дошт", - изҳор дошт раиси ассотсиатсия.
Председатель комитета по делам молодежи и спорта Таджикистана Абдулло Рахмонзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Тавсифи раиси Кумитаи ҷавонону варзиш аз шароит барои варзишгарон дар Тоҷикистон
Ӯ афзуд, дар мавсими имсола танҳо як мусобиқа монд, ки он қаҳрамонии ҷаҳон мебошад. Қаҳрамонии Тоҷикистон баҳори соли равон, қаҳрамонии Осиё моҳи август багузор шуд. Дар зӯрозмоии осиёӣ тими Тоҷикистон як медали тило, панҷ нуқра ва даҳ биринҷиро ба даст овардааст.
"Мавсими навро моҳи феврал оғоз мекунем. Дар Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии дастхобонӣ мегузаронем", - изоҳри ният намуд Султонов.
Вай инчунин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон гузарондани қаҳрамонии Осиё дар риштаи дастхобонӣ низ дар назар аст, ки соли 2024 гузаронда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала