Чин талаб кард, ки дороиҳои Афғонистон дар хориҷи кишвар раҳо ва таҳримҳо лағв шаванд

© REUTERS \ Zohra BensemraСемья едет на мотоцикле, Кабул
Семья едет на мотоцикле, Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин Чжао Литсзян мегӯяд, таҳримҳо "буҳрони башардӯстона дар Афғонистонро шадидтар мекунанд"
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ҳукумати Чин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки дороиҳои Афғонистон дар хориҷи кишвар раҳо ва таҳримҳои якҷонибаи ин кишвар бардошта шавад. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Чжао Литсзян мавзеъгирӣ кард.

"Тадбирҳои якҷониба, бахусус баста шудани дороиҳои хориҷии Афғонистон муҷозоти дастаҷамъӣ барои тамоми мардуми ин кишвар аст. Онҳо буҳрони башариро дар ин кишвар шадидтар мекунанд. Дороиҳои бандмонда бояд ҳарчи зудтар ба соҳибони худ баргардонида шаванд", - афзуд дипломат.

Сиёсатмадор зикр намуд, ки Чин барои рафъи мушкилоти мардуми Афғонистон интиқоли бузурги кумакҳои башардӯстонаро ташкил кард.
Зикр гардид, ки дар охири моҳи сентябр мақомоти Чин аллакай ба Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона фиристода буд ва ҳамчунин дар бораи ҷудо кардани 200 миллион юан барои ғизову доруворӣ ва 3 миллион ваксина алайҳи бемории коронавирус хабар дод.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Сад рӯзи ҳукумати толибон: аз пешрафт дараке нест
Ин кишвар борҳо аз вазъи башарӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 20 ноябр Чин як қатори борбарро бо 50 контейнер кумаки башардӯстона бо вазни умумии ҳудуди 1000 тонна ба Афғонистон фиристод. Ин кумак аз ашёи зарурӣ, либосу пойафзоли гарм, курпа, нону дигар озуқаворӣ иборат аст.
Чин аз моҳи июн ба ин сӯ ба Афғонистон тавассути роҳи оҳан 2,6 ҳазор тонна маводи кумакӣ интиқол додааст.
Лентаи хабарҳо
0