Чорвои сокини Исфара куҷо шуд? Идомаи баҳсҳои марзӣ

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Ҷониби қирғизҳо ваъда дода буданд, ки то нисфирӯзии имрӯз чор сар гови сокини деҳаи Сомониёни Исфараро ба соҳибаш, мерасонанд, аммо то ҳол барнагардонидаанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Алҳол гуфтушунид бо иштироки масъулони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва Оқсойи Ботканд сари ин масъала дар марз идома дорад.
Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, гуфтушуниди онҳо бо масъулони ҷамоати Оқсойи Қирғизистон сари баргардонидани чорвои сокини деҳаи Сомониёи Исфара идома дорад.
“Талаби мо ин аст, ки чорво бояд ба соҳибаш баргардонида шавад. Ин масъалест, ки бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намуданаш имкон дорад, онро набояд ҳамчун фишанг истифода намуда корро печида кард”, - гуфт раиси ҷамоати Чоркӯҳ.
Ҳодисаи рабурда шудани чор сар гови сокини деҳаи Сомониёни Исфара аз ҷониби қирғизҳо бегоҳии дирӯз 21 ноябр рух додааст.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Дафтари раисҷумҳур "иштибоҳ" кард: Ҷанҷол дар Қирғизистон бар сари харитаи Ворух
Довудҷони Муҳаммад, сокини деҳаи Сомониёни Исфара бегоҳии дирӯз аснои ҷӯстуҷӯи чор сар чорвои калони шохдор мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифтааст.
Ин ҳодиса тавре рух додааст, ки чор сар гови онҳо ба тарафи чарогоҳи қирғизҳо гузаштааст. Вале ба ҷойи он, ки қирғизҳо онҳо ин тараф гузаронанд, Довудҷони Муҳаммадро латукӯб намуда, чорвояшро бо худ бурдаанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ Довудҷони Муҳаммад хонандаи мактаби № 64 деҳаи Сомониёи Исфара гуфта мешавад.
Дар бораи ин ҳодисаи марзӣ сокинони шаҳри Исфара дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабар нашр намудаанд. Охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар бораи сангборон шудани чанд хонандаи ин мактаб аз ҷониби қирғизҳо хабарҳо ба нашр расида буд.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғот ё обтақсими "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала