Деҳи амрикоӣ аз эътироф накардани Путин гуфт

© Pixabay.comЗдание Капитолия в Вашингтоне, архивное фото
Здание Капитолия в Вашингтоне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Муаллифони лоиҳае, ки пешниҳод доранд, Владимир Путин баъди соли 2024 ба ҳайси президенти Русия эътироф нашавад, кистанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Виктория Никифорова. Ду узви конгресси ИМА пешниҳод карданд, ки президентии Владимир Путин дар Русия, дар сурати интихоби дигарборааш баъди соли 2024 эътироф карда нашавад. Ин хабар аз бахши "Аҷоиботи атроф" аст.
Владимир Путин кист, ба ҳама маълум. Дар аҳди ӯ, Русия ба феҳрасти кишварҳои рушдёфта ва озод шомил шуда, мақоми абарқудратро дигарбора касб кард. Дар ин бора таърихшиносон садсолаҳо пас хоҳанд навад. Аммо дар мавриди муаллифони ин эъломия суол пайдо мешавад, ки онҳо кистанд?
Ҷумҳурихоҳ Ҷо Уилсон ва демократ Стив Коэн як чизи умумӣ доранд, ки ҳардуяшон дар конгресс минтақаҳои дурдасти кишварашонро намонядагӣ мекунанд. Чунин минтақаҳое, ки намояндагони қисмати соҳилӣ аз он чун ақибмонда ҳазар мекунанд.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Роҳгардӣ барои Байден мушкил шуд: вазъи президент чӣ гуна аст
Коэн аз аёлати Теннеси интихоб гардида, ифтихор дорад, ки нахустин яҳуди сафедпӯсте мебошад, ки сиёҳпӯстони он минтақаро дар конгресс намояндагӣ мекунад. Интихобкунандагонаш афроде мебошанд, ҳар гуна эътиқодҳои аҷибу ғариб доранд.
Дар ин минтақаҳои дурдаст Стив Коэн солҳо идеалҳои демократӣ, аз қабили расмӣ кардани гардиши ҳашиш ва гузашти ҳамҷинсгароҳоро таблиғ мекард. Инчунин барои ҳуқуқи ҳайвонот мубориза мебурд. Акнун агар дар пайи хунукназарӣ дар Теннеси гурбае мурад, соҳибаш маҷбур аст, ки ба аёлат панҷ ҳазор доллар ҷарима супорад.
Ҷумҳурихоҳ Ҷо Уилсон аз аёлати Каролинаи шимолӣ интихоб шудааст, ки он ҷо нигоҳдории асп дар ҳаммом манъ шудааст. Ӯ низомии мустаъфӣ, ки узви кумитаҳои гуногуни конгресси ИМА, аз ҷумла маҳфилҳои мактабӣ мебошад. Ягона дастовардаш дар сиёсати бузург, ин додзанияш сӯи президент Обама, ҳангоми баррасии бимаи тиббӣ дар конгресс, ки гуфт "шумо дурӯғ мегӯед". Баъдан водораш карданд, ки узр пурсад.
Шумо тасаввур мекунед, ки ба ин деҳотӣ бо аспу гурбаҳояшон ҳамтоёнашон - аъзои конгресс аз Ню-Йорк, Бостон, Сан-Франсиско, соҳибони дипломҳои Ҳарвард ва Йел чӣ назар доранд? Инҳо масхарабозҳо, ҳаҷвнигорҳои тайёранд. Барои каме баланд бардоштани эътиборашон Коэн ва Уилсон тасмим гирифтаанд, ки ба Русия машғул шаванд.
Али Акбар Салехи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Собиқ вазири Эрон гуфт, вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад
Дар моҳи август онҳо лоиҳаи қонун бо номи "Санади тиллоӣ"-ро пешбарӣ карданд, ки алайҳи варзиши Русия равона шудааст. Он ҷо ба қудратиҳои ИМА пешниҳод шудааст, ки дар нуқоти гуногуни ҷаҳон афродеро, ки ба варзиши Русия рабт доранд, биқапанд. Се моҳ нагузашта, Коеэн ва Уилсон эъломия дар бораи эътироф накардани президентии Путин дар Русияро баъди соли 2024 пешниҳод карданд. Ҳар семоҳа як ташаббуси русбезоронаеро пеш мегузоранд.
Путин ин ҷо чӣ рабт дорад? Раванди фикри конгрессменҳо, агар дошта бошанд, зоҳиран чунин аст, ки Владимир Путин аз як қатор буҳронҳое, ки шарикони амрикоӣ эҷод карданд, бо муваффақият баромад.
Бархе аз ин буҳронҳои сохта, ба аҳолии ИМА зарби сахттар заданд. Буҳронҳои солҳои 2007 - 2008 - ро дар ИМА ба Рукуди бузург ташбеҳ медиҳанд. Дар пайи он муфлисшавиҳо ва худкушиҳо зиёд гардид. Дар Русия танҳо қурби рубл поин рафт. Аҳолӣ бошад, аз арзонии манзил истифода карда, онро зиёд хариданд.
Чунин ҳолат ҳамчунин дар соли 2014-ум рух дод. Олимпиада бо муваффақият гузашт, Донбас аз наслкушӣ наҷот дода шуд. Ба арзоншавии рубл чун анаъана бо хариди зиёди амволи ғайриманқул вокуниш карданд.
Буҳрони марбут ба пандемия низ нишон дод, кӣ чӣ арзиш дорад. Дар Амрико мағозаҳо холӣ шуданду нишондоди марг рекордӣ шуд. Аммо дар ин ҳол Русия рекорди қарзи ипотекиро гузошта истодааст. Чӣ бояд кард? Амрикоиҳо "тушенка" мехаранду русиягиҳо манзил.
Украино-американские учения Fearless Guardian - 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Барномаҳои ҷадиди НАТО барои Украина - “эҷоди ҳарҷумарҷ дар ақибгоҳ”
Бархе аз тасмимҳои муваффақи президенти Русияро амрикоиҳо нусхабардорӣ карда истодаанд. Аз ҷумла қонун инфрасохтор, ки ахиран дар конгресси ИМА қабул шуд, чист? Ин ҳамон барномаи барқарорсозии мошину роҳҳои оҳани куҳна ва сохтмонҳои нав мебошанд, ки дар Русия даҳсолаҳо боз ба он машғуланд. Ба ибораи дигар амрикоиҳо ҳадаф гузоштаанд, ки дар дар худ Пули Қримро созанд, чун ин самара дод.
Ин ду ҷамъи ду аст, ки пешбинӣ шавад, дар интихоботи соли 2024 русиягиҳо ба кӣ овоз медиҳанд, агар Путин номзадияшро пешниҳод кунад. Инро ҳатто конрессменҳои амрикоӣ аз минтақаҳои дурдаст дарк карданд ва ҳамин тавр ташаббуси ҷадид тавлид шуд.
Миёни аъзои парлумони амрикоӣ ҳамеша фрикҳо зиёд буданд. Соли 2006-ум маҷаллаи Rolling Stone конгрессро "тӯдаи дуздону бадахлоқон" гуфт. Аммо барои амрикоиҳо рӯшантар аст.
Гапи дигар ин аст, ки бисёри ташаббусҳо ҳатто барои баррасӣ қабул нашуданд. Баррасии идеяи Коэн ва Уилсон дар конгресс нишонаи ақибравии ниҳоди қонунгузори ИМА мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки қабули чунин эъломия нақзи дағали ҳуқуқи байналмилалӣ ва дахолати ошкоро ба интихоботи Русия мебошад. Аммо бояд арзёбӣ кард, ки оё касе ин дахолатро эҳсос хоҳад кард?
Кандидат в президенты США Джо Байден и вице-президент Камалла Харрис - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Байден ваколатҳояшро ба Камала Харрис супурд
Агар эъломия 20-30 сол қабл таҳия мешуд, шояд таъсире ба русиягиҳо медошт. Мавқеи ин кишвар каме арзиш дошт. Аммо ҳозир дар ҳоли нимпарокандашавӣ, бо триллионҳо доллар қарз, шикасти нав дар ҷанг, бо президенте, ки нисфи аҳолӣ руҳан корношоям медонанд, боз талош дорад, ки ба куҷое дахолат кунад фармонфармоӣ намояд? Ҷиддӣ?
Таассуфовар аст, ки дар роҳаш ба ҷарӣ, гегемони собиқ охирин эҳсоси эҳтиром ба худу одоби рафторро аз даст дода истодааст. ИМА афтида, атрофиёнашро низ аз пушташ кашида истодааст. Аз ҷумла онҳо низ талош доранд, ки барои мисол Лукашенкоро президенти Белорус эътироф накунанд. Барои президенти Белорус фарқе надорад, аммо ҳуқуқи байналмилалӣ ба партов табдил ёфта истодааст.
Дар тамоми таърихи муносиботи ИМА бо Русия кишвари мо талош кардааст, ки дар нақши тамаддунсоз бошад. Агар тасмими Екатеринаи бузург барои нафиристодани нерӯ ба кумаки ИМА намебуд, гуруҳе аз ҷудоихоҳон ҳеч гоҳ наметавонистанд Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро таъсис диҳанд. Тасмими Александри II барои лағви ҳуқуқи крепостноӣ амрикоиҳоро такон дод, ки ҳадди ақал расман ба лағви ғуломӣ иқдом намоянд. Ба шарофати қаҳрамонии аскарҳои шӯравӣ, имкони иштирок дар торумори нерӯҳои ҳитлерӣ пайдо карданду барои башарият фоидае оварданд. Баъди ҷанг танҳо талошҳои Иттиҳоди Шӯравӣ кумкак кард, ки зӯргӯиҳои ИМА дар саросари ҷаҳон ҷилавгирӣ шавад.
Феълан Стив Коэн ҳамраиси Комиссияи Хелсинкии конгресси ИМА мебошад. Ин ном аз пирӯзии дипломатияи шӯравӣ - созишномаи Хелсинки шаҳодат медиҳад. Бо қабулаш дар соли 1975 ҳама ИМА, ҳам Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам ИМА барои солҳои зиёд мавҷудияти мусолиматомезро таъмин намуданд. Онгоҳ шарикони амрикоӣ аз мо дарси хубе гирифтанд, ки чигуна метавон муносиботи мушкили бисёрсамтаро ба манфиатҳою амнияти муштарак равона намуд.
Аммо боз нашуд. Комиссияи амрикоии Хелсинки нахуст ба макони ташаббусҳои зиддишӯравӣ ва баъдан зиддирусиягӣ табдил ёфт. Ба назар менамуд, ки ин аллакай охири кор аст, аммо боз Стив Коэн ташаббус нишон додаст.
Капитолий, здание в Вашингтоне, где заседает конгресс США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Толибон ба Конгресси Амрико нома ирсол карданд
Дар асл барои қонунгузорҳои амрикоӣ зарур нест, ки дар бораи Путин фикр кунанд, балки овораи интихоботи президентии худ бошанд. Тақаллубкорҳои зиёд дар интихоботи президентии соли 2020 ба он оварда расонд, ки то ҳол даҳҳо миллион амрикоӣ дар қонунӣ будани президентии Ҷо Байден шубҳа доранд.
Лайфхакҳои одие мавҷуданд, ки метавонанд аз русҳо ёд гиранд. Аз ҷумла шаҳрвандон дар нуқтаҳои овоздиҳӣ бояд санади тасдиқкунандаи шахсияро пешниҳод кунанд. Раванди овоздиҳӣ ва ҳисоботро метавон сабт кард. Нозирон аз аҳзоби гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ даъват мешаванд.
Овоздиҳандаҳоро задан, тарсондан мумкин нест, ҳамон тавре дар ИМА анҷом дода шуд. Мумкин нест, ки нозирон ба нуқтаи ҳисоби овозҳо роҳ дода нашаванд. Рӯзноманигорони мустақил таъқиб нагарданд. Ин ҳама чандон мушкил нест. Ба ҷои сафсата, аъзои конгрессро зарур аст, ки соли 2024 ба Русия оянда тарзи дурусти гузарондани интихоботро ёд гиранд. Вақти берун шудан аз минтақаҳои дурдасти худ ва мутаммаддин гардидан фаро расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала