Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Фаронсаро мавҷи панҷуми коронавирус фаро гирифт

© REUTERS / Sarah Meyssonnier Люди наслаждаются солнечной и теплой погодой в Люксембургском саду в Париже
Люди наслаждаются солнечной и теплой погодой в Люксембургском саду в Париже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Мақомоти Фаронса афзоиши якборагии гирифторони коронавирусро сабт карда, эътироф мекунанд, ки мавҷи панҷуми эпидемия дар ин кишвар оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Фаронса мавҷи панҷуми коронавирус шуруъ шудааст. Дар ин бора рӯзи якшанбе намояндаи расмии Ҳукумати Фаронса Габриэл Аттал дар пахши мустақими радиои "Europe 1" хабар дод.

"Ҳоло мо дар гирдоби мавҷи панҷум қарор дорем. Метавонем бигӯем, ки он босуръат оғоз мешавад. Дар давоми як ҳафта шумораи ҳодисаҳои нав 80% афзоиш ёфта, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 17 ҳазор мавриди беморӣ сабт мешавад", - афзуд ӯ.

Вай қайд кард, ки Фаронса назар ба кишварҳои ҳамсоя каме барвақттар маъракаи дубора моякӯбии аҳолиро оғоз кард, сарфи назар аз он ки дар ин кишвар фоизи хеле зиёди аҳолӣ аз коронавирус ваксина карда шудаанд.
Аттал гуфт, мақомот риояи меъёрҳои беҳдоштиро воситаи асосии пешгирии пандемия медонанд ва қайд кард, ки ба шарофати ӯ то ҳол дар кишвар маҳдудиятҳои сахттар ҷорӣ нашудааст.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пайомадҳои нави коронавирус табибонро ба ҳайрат овард
Тибқи маълумоти охирини мақомот, дар Фаронса дар як рӯзи гузашта 22,6 ҳазор ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст, дар ҳоле ки аз оғози эпидемия дастикам 7,4 миллион нафар ба ин дард гирифтор шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Фаронса, беш аз 51 миллион нафар ҳадди аққал як ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст, ки 50 миллион нафари онҳо низ бо ҳар ду воя таъмин гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала