Сад рӯзи ҳукумати толибон: аз пешрафт дараке нест

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон толибони эътирофнашуда то ҳол аз ҳамсоягони наздики худ як карт-бланши ғайрирасмӣ нагирифтаанд
Ба онҳо халал намерасонанд, онҳо ба лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ роҳнамоӣ мекунанд ва ба аҳолии Афғонистон ёрии башардӯстона мерасонанд.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Русия дар самтҳои қаблан таъйиншуда: ташкили ҳукумати фарогир, коҳиши таҳдидҳои террористӣ, баробарии занон ва иқтисоди бидуни маводи мухаддир натиҷаҳои мусбатро интизоранд. Сад рӯзи аввали ҳукумати нави толибон ҳеҷ пешрафте надошт.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 18 ноябр гуфт, вазъ дар Афғонистон чораҳои иловагии амниятӣ дар марзҳои ҷанубии Федератсияи Русия ва кумак ба муттаҳидон - кишварҳои Осиёи Марказиро тақозо мекунад.
Вай самтҳои афзалиятнок - пешгирии ҷараёни беназорат аз болои гурезагон, мусоидат ба истиқрори сулҳи шаҳрвандӣ, безарар гардонидани сохторҳои террористӣ ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар Афғонистонро муайян кард.
Президент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии Министерства иностранных дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Путин: ОМ дар рӯёрӯӣ бо мушкилоти бархоста аз Афғонистон ба кумак ниёз дорад
Худи ҳамон рӯз намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя чунин хулоса кард: "Воқеияти наве, ки пас аз 15 август дар Афғонистон барқарор шуд, на худи афғонҳо ва на ҷомеаи ҷаҳониро муътақид накард, ки дар ин қаламрав давлати осоишта, орӣ аз ҷинояту маводи мухаддир рӯи кор меояд.
Қаблан Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ҳушдор дода буд:

"Агар мақомоти нави Кобул вазъро ба эътидол наоваранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон кумаки муассир надиҳад, он гоҳ воқеаҳо метавонанд аз рӯи сенарияи фалокатбор, аз ҷумла даври нави ҷанги шаҳрвандӣ, фақри умумии аҳолӣ сурат гиранд".

Ҳамаи ин ба мамлакатҳои ИДМ ва умуман ба ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад.
Русия хашми сардашро нисбат ба ваъдахилофҳо (толибон) ҳамин тавр баён кард. Сабри ҳамсояҳои Осиёи Марказӣ дар Афғонистон низ беохир нест. Натиҷаҳо лозиманд.

Буъди амниятӣ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аз ҷиҳати низомӣ барои таҳкими сарҳадҳои ҷанубӣ ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд - онҳо ҳамгироии низомии қувваҳои мусаллаҳро афзоиш дода, як силсила машқҳои муштаракро тақрибан пайваста анҷом медиҳанд. Илова бар ин дар нимаи дувуми сол Русия интиқоли силоҳи муосир ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро афзоиш додааст.
Ин кори бисёрҷанба ва мураккаб ягона кафолати боэътимоди амнияти минтақа боқӣ мемонад ва дар ояндаи наздик (моҳҳо ё солҳо) бешубҳа идома хоҳад ёфт.
Таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон боқӣ монда, толибон ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ дар вилоятҳо ва пойтахт мешаванд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамлаи "ҷиҳодиён" аз ҷануб эмин нестанд.
Учения ОДКБ Боевое братство – 2021 в Таджикистане
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Барои дифоъ омодаанд: машқҳои СААД дар марзи Афғонистон - видео
Фаъолияти афзояндаи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* дар қаламрави Афғонистон аз ҷониби СММ 18 ноябр бо изтироб таҳлил карда шуд: 13 август - 13 ҳамла, 38 сентябр - 48 ҳамлаи террористӣ. Вазъияти душвори иктисодии мамлакат ба афзудани сафи ҷангиёни "ДОИШ" ёрй мерасонад - дар он ҷо пул медиҳанд.
Давлати толибон дигар натиҷаи тирпарронӣ дар Кобул байни ҷонибдорони Ҳаққонӣ (ҷиноҳи радикалии ҷунбиш) ва Бародар (ҷиноҳи муътадил) ноамн аст, чун дар авоили моҳи сентябр 17 нафар кушта дод ва беш аз 40 нафар захмӣ шуд.
Аммо ҳукумат асосан аз паштунҳо иборат аст, ки зери таъсири Покистон қарор дошта, манфиатҳои иқтисодй ва афзалиятҳои динии 80 халқу халқияти Афғонистонро ифода намекунад.
Музокирот бо намояндагони бонуфузи толибон дар маконҳои мухталиф бо ширкати Русия, Чин, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайату муассирияти ин ҳукумат чандон таъсир намерасонад.
Иқтисодиёт ва ҳуқуқи занон умдатарин мушкилоти ҳалнашавандаи "аморат" мебошанд.
Якум то ҳол ба киштзорҳои кӯкнор такя мекунад. Ҳаҷми тавлиди афюн дар Афғонистон дар соли 2021, 8 дарсад афзоиш ёфта, ба 6,8 ҳазор тонна расидааст. Ноустуворӣ нархи афюнро боло мебарад ва ин ҳолат "деҳқонон"-ро ба зиёд кардани "истеҳсол" водор мекунад.
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод
Аз сӯйи дигар ҳисобҳои ҳукумати пешинаи Ҷумҳурии Исломӣ дар Амрико масдуд шудаанд, фондҳои нави сармоягузорӣ вуҷуд надоранд. Илова бар ин кишварҳои ҳамсоя барои амалӣ намудани тарҳҳои ҷиддии иқтисодӣ (энергетикӣ ва нақлиётӣ) дар кишваре, ки ҳеҷ кас кафолати амали шудани тарҳҳо ва амнияти коргаронро намедиҳад, шитоб намекунанд.

"Аморат" - и ноустувор

Толибон дар пайи барқарор кардани тартибот дар кишвар ҳастанд ва 18 ноябр алайҳи гурӯҳи террористии ДОИШ* дар шимоли Кобул амалиёт анҷом доданд: се ҷангҷӯ аз байн бурда шуд.
Бо вуҷуди ин ҳукумати нав бо муқовимати шадиди мусаллаҳонаи "рақибон" рӯ ба рӯ мешавад. Як рӯз пештар ду таркиш аз ҷониби "Давлати исломӣ" дар пойтахт сурат гирифта буд.
Давоми як ҳафта, аз 13 ноябр ба ин сӯ "ҷиҳодиён" дар пойтахт як силсила инфиҷорҳо анҷом доданд, ки теъдоди зиёди қурбониҳо ба бор овардаанд. Қариб дар тамоми вилоятҳои кишвар ҳамлаҳои террористӣ идома доранд.
Медики помогают пострадавшим от двух мощных взрывов, произошедших в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Таркиш дар Афғонистон як кӯдакро кушту се тани дигарро захмӣ кард: Амрико онро анҷом дод
Толибон барои эҷоди як низоми боэътимоди амният қувват ва салоҳияти кофӣ надоранд ва онҳо наметавонанд тавсеаи фазои амалиётии гурӯҳи ДОИШ*-ро боздоранд. Суботу амният низ дар Афғонистон ба зудӣ ҳукмфармо намешавад. Нашрияи "Foreign Policy" қайд мекунад, ки толибон ноумед шудаанд ва ба сафи ДОИШ* пайвастаанд. Аён аст, ки рейдҳои партизанӣ якҷоя бо даромади қочоқи мавод мухаддир назар ба идоракунии давлат осонтар аст.
Дар ин замина се ҳавопаймои низомии нақлиётии Ил-76-и нерӯҳои ҳавоии Русия рӯзи 18 ноябр даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ба Кобул интиқол дода, 380 нафар шаҳрванди Арманистон, Беларус, Русия, Қирғизистон ва Украинаро аз Афғонистон берун оварданд.
Барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар маҷмуъ дар робита ба стратегияя ҷануб Русия ният дорад, аз формати машваратҳои Маскав, ки талошҳои 11 кишвар – Русия, Афғонистон, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистонро дарбар мегирад, истифода кунад.
* -созмони мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар Telegram пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0