Ҷабборов гуфт, душманонаш дар куҷоянд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНовоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Содир Ҷабборов мегӯяд, душманҳои ӯ на танҳо дар ҳукумат, балки миёни мардум ҳам ҳастанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни суҳбат бо сокинони вилояти Чуй аз душманҳои худ гуфт, ки дар миёни мардум кам нестанд.
"На танҳо дар ҳукумат, балки дар миёни мардум низ душман дорам", - зикр намудааст ӯ.
Манобеи Sputnik Қирғизистон хабар медиҳанд, ки президент дар мавриди таъмин намудани мардум бо ангишт суханронӣ намуд ва изҳор дошт, ки душманонаш саъй доранд, то ба кори ӯ халал расонанд.
Ӯ аз мардум даъват намуд, ки арзиши ангиштро гарон накунанд.
"Аз як мошин имкони то 10-15 ҳазор сом фоида овардан имкон дошт, вале мардум мехоҳад ҳатман ҳазор доллар фоида гирад. Ҳоло мақомот ҳамаашро ба дасти худ гирифтанд ва нархи ангиштро то 3 ҳазор сом арзон карданд", - тавзеҳ дод раисҷумҳури Қирғизистон.
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ҷабборов вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистонро обод мекунад: "99 дарсади қалби ман Ботканд аст"
Ҷабборов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки теъдоди зиёди одамон бинобар чашмгуруснагии худ бекор монданд ва мақомот нархи ангиштро ҷиддан назорат мекунад.
Ёдовар мешавем, бо супориши Содир Ҷабборов чанде пеш дар минтақаҳои гуногуни Қирғизистон як тонна ангишт бо нархи 3000 сом фурӯхта мешуд. Дар ҳоле ки қаблан нархи ангишт барои як тонна 6 000 сом буд.
Лентаи хабарҳо
0