Муборизаи Тоҷикистон ва СААД алайҳи терроризму ҷиноят

© МВД РТМинистр внутренних дел Таджикистана генерал-полковник милиции Рамазон Рахимзода заместителем Генерального секретаря Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Валерием Семериковым
Министр внутренних дел Таджикистана генерал-полковник милиции Рамазон Рахимзода заместителем Генерального секретаря Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Валерием Семериковым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Намояндагони Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои муштарак дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар пайи анҷоми тамринҳои “Кобалт-2021” бо Валерий Семериков, муовини дабири кулли СААД мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД-и Тоҷкистон.
Мавзӯи аслии гуфтугӯҳои тарафҳо машқҳои тактикӣ ва махсуси “Кобалт-2021” буд, ки дар тамрингоҳи низомии Фахрободи ноҳияи Хуросон баргузор гардид.
Раҳимзода ва Семериков алоҳида мавзӯи бархӯрди муштарак бо таҳдидҳои умумиро баррасӣ карданд.
Дафтари матбуотии ВУД иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории тарафҳо дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.
Ҷамъбасти размоиши Кобалт - 2021 дар тамрингоҳи Фахробод дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Баҳои баланди генерали тоҷик ба размоиши "Кобалт-2021" - акс
Дар поёни музокира намояндагони Русия ва Тоҷикистон ба таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ изҳори боварӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки 17 ноябр тамринҳои махсуси тактикии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ - “Кобалт-2021” оғоз ёфта буд.
Дар тамринҳои низомӣ нерӯҳои вижаи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нерӯҳои зудамали СААД, инчунин Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия ширкат доштанд.
Тамринҳои низомӣ бо ширкати низомиёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия то 20 ноябр идома ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала