Орейра ҳам шаҳрвандии русӣ гирифту ҳам бо ваксини "Спутник V" моякӯбӣ шудааст

© Sputnik / Виктор Вытольский / Гузариш ба медиабонкАктриса и певица Наталия Орейро
Актриса и певица Наталия Орейро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Сароянда ва ҳунарпешаи уругвайӣ гуфт, ки нияти истифодаи ягон ваксинаи дигарро надорад
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ситораи сериали "Дикий ангел", ҳунарпеша ва овозхони маъруфи уругвайӣ Наталя Орейро алайҳи бемории коронавирус бо ваксинаи сохти Русия - "Спутник V" моякӯбӣ шудааст, хабар медиҳад RT.
"Бале, албатта, аввалин ваксинае, ки мо (Уругвай. - идора.) гирифтем, "Спутник V" буд. Бале, ду воя ваксинаи "Спутник V" гирифтам", - гуфт вай дар мусоҳиба бо шабакаи НТВ.
Ҳунарпеша инчунин гуфт, дар оянда вай ният надорад, ки аллайҳи маризии COVID-19 бо ягон ваксинаи дигар моякӯбӣ шавад ва ба ҳама ҳамватанон тавсия додааст, ки ваксина бигиранд.
Актриса и певица Наталья Орейро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2019
"Ман рус ҳастам!": Наталия Орейро аз Путин шаҳрвандӣ хост
Ёдовар мешавем, чанде қабл Наталя Орейро шиносномаи русӣ гирифт. Онро сафири Русия дар Аргентина Дмитрий Феоктистов, дар бинои намояндагии дипломатӣ ба ситораи машҳур Наталя Орейро ҳадя карда буд.
Наталия Орейро 19 майи соли 1977 дар Монтевидео ба дунё омадааст.
Замоне ки Орейро 8 сол дошт, ба курси ҳунарпешагӣ рафт. Аз 12-солагӣ ӯ дар рекламаҳо нақш меофарид ва аз 14-солагӣ бошад, ёрдамчии асосӣ дар барномаи телевизионӣ шуд.
Дар 16-солагӣ Наталия ба Буэнос-Айрес сафар кард. Ӯ пас аз нақшофарӣ дар филми "Дикий ангел" маъруф шуд.
Лентаи хабарҳо
0