Қирғизҳо як сокини деҳаи Сомониёни Исфараро латукӯб намуда, чор сар говро рабурдаанд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Як сокини деҳаи Сомониёни Исфара дар роҳи чорвочаронӣ мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Довудҷони Муҳаммад, сокини деҳаи Сомониёни Исфара аст, ки дирӯз аснои чорвочаронӣ дар чарогоҳҳои наздимарзӣ мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифтааст.
Ҷониби қирғизҳо дар ҳудуди чарогоҳҳо ӯро латукӯб намудаву чор сар говашро рабурдаанд.
Ин ҳодиса шоми 21 ноябр рух додааст ва масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Чоркӯҳи Исфара ва Оқсойи Ботканд дар ҷараён гузошта шудаанд.
Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Довудҷони Муҳаммад барои ҷустуҷӯи чорвояш дар чарогоҳи қирғизҳо сайр кардааст, вале қирғизҳо ӯро латукӯб намуда, чор сар чорвои калони шохдорро бо худ бурдаанд.
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи суботи марзӣ ба тавофуқ расиданд
“Мо оиди ин ҳолат мақомоти сарҳадбонӣ ва масъулони ҷамоати Оқсойро дар ҷараён гузоштем ва ваъда доданд, ки то нимарӯзии имрӯз чорворо ба соҳибаш бармегардонанд. Масъале, ки бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намуданаш имкон дорад, набояд ба нохубӣ кашида шавад”, - гуфт раиси ҷамоати Чоркӯҳ.
Нафаре, ки мавриди латукӯб қарор гирифт, Д.М, хонандаи мактаби рақами 64 - и деҳаи Сомониёи Исфара будааст.
Охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар бораи сангборон шудани чанд хонандаи ин мактаб аз ҷониби қирғизҳо хабарҳо ба нашр расида буд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғот ё обтақсими "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи марзӣ имзо карданд
Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала