"ТАлКо Gold" чӣ гуна дар Тоҷикистон тило тавлид мекунад?

Яке аз корхонаҳои умдаи саноатии Тоҷикистон – гурӯҳи ширкатҳои ТалКо ба ҳисоб меравад. Ба зудӣ дар Тоҷикистон корхонаи истихроҷи тилои ин ширкати бузург ба кори худ оғоз хоҳад кард
Дар Тоҷикистон барои роҳандозии корхонаи "ТАлКо Gold" омода мешаванд. Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур дар моҳи ноябри соли равон пурра ба кори худ оғоз хоҳад кард.
Таҷҳизоти корхонаи "ТАлКо Gold" аз сӯйи ширкати финӣ истеҳсол шудааст.
Ширкат ба коркарди захираҳои маъдани кони Кончоч, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ оғоз мекунад, ки бино ба иттилои расмӣ, вуҷуди 39 тонна тило, ҳудуди 200 ҳазор тонна сурма ва дигар маъданҳои нодир дар он тасбит шудааст.
"ТАлКо Gold" яке аз коргоҳҳои тобеи “ТАлКо”, ширкати давлатии Тоҷикистон аст, ки 27 апрели соли 2017 сабти ном шуда, муҷаввизи пардозиши захоири зерзаминӣ дар кони Кончочи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро дорад.
Моҳи июни соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон санги асоси "ТАлКо Gold"-ро гузошт ва сохтмони он шуруъ шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала