Таркиши мудҳиш дар бинои истиқоматие дар Махачқалъа - видео

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи таркиши газ дар як бинои истиқоматӣ дар Махачқалъа 4 нафар ҷароҳат бардошт
Дар пойтахти Доғистон як бинои истиқоматии хусусӣ таркид. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Хадамоти изтирорӣ хабар дод, ки газ дар як бинои дуошёна таркид.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса 4 нафар ҷароҳат бардоштааст. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон кор мекунанд.
Таркиш даҳшатноке қаҳвахонаеро дар Актау аз байн бурд – видео
Дар ҳамин ҳол сомонаи Раёсати идораи КҲФ-и Русия дар Доғистон дар бораи се қурбонӣ хабар медиҳад.

"Соати 15:17 аз хадамоти 112 дар бораи таркиши балони газ дар як хонаи шахсии дуошёна дар суроғаи Махачқалъа, кӯчаи Амет-хон Султон, 3а хабар расид. Тақрибан се нафар захмӣ шуд", - омадааст дар хабари хадамоти изтирорӣ.

Наҷотдиҳандагон ҳамчунин қайд карданд, ки дар хона сӯхтор рух дода, бино қисман хароб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала