Ӯзбекистон беш аз се ҳазор тонна картошкаи заҳролуди Эрону Покистонро бозпас дод

CC0 / Pixabay / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Дар сурати такрор шудани чунин ҳолат ҷониби Ӯзбекистон метавонад воридоти ин навъ полезиро аз Эрону Покистон комилан манъ кунад
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ӯзбекистон беш аз 3,5 ҳазор тонна картошкаи Эрону Покистонро бозпас дод, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон. Гуфта мешавад, ин навъ полезие, ки Эрону Покистон ба Ӯзбекистон содирот намуданд, сироятёфта буд.
Манбаъ меафзояд, ҳодисаҳои сироятёбии картошкаи Эрону Покистон ба таври мунтазам аз 25 сентябр ба қайд гирифта мешуд.

"Оҷонсӣ 3525 тонна картошкаро, ки дар онҳо нематодҳо ошкор шуда буданд, баргардонида, 775 тоннаи дигар дар Ӯзбекистон нобуд карда шуд", - гуфтанд дар Агентии ҳифзи растаниҳо.

Дар сурати такрор шудани чунин ҳолатҳо ҷониби Ӯзбекистон метавонад воридоти картошка аз Эрону Покистонро комилан манъ кунад. Қаблан ҳар ду кишвар барои нақзи талаботи фитосанитарӣ огоҳ карда шуда буданд.
Продажа картофеля на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Буҳрони картошка намешавад? Гузориши Вазорат кишоварзӣ дар бораи аз ҳосил
Маълум шуд, ки картошкаи Покистонро аллакай дар Афғонистон бо картошкаи дар кишварҳои дигар парваришшуда омехта карда, ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ истифода мебурдаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, Ӯзбекистон ҳамасола ҳудуди 400 ҳазор тонна картошка ворид мекунад. Эрон соли равон таъминкунандаи асосии Ӯзбекистон бо картошка гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи ҳосилғундории имсолаи картошка муваффақ аст, зеро он дар ҳама шаҳру навоҳӣ иҷро шудааст. Бинобар хабари Вазорати кишоварзӣ, то моҳи ноябри соли 2021 зиёда аз 691 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб 145 тонна зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала