Дастаи Душанбе ба даври ниманиҳоии озмуни бонуфузи NASA роҳ ёфт

© Пресс-служба посольства США в ТаджикистанеКоманда из Таджикистана Oogway Comics
Команда из Таджикистана Oogway Comics - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Обуна шудан
Барои нахустин бор ҷавонони зодаи Тоҷикистон лоиҳаеро муаррифӣ карданд, ки аз ин тариқ муддаии ширкат дар даври ниҳоии озмуни бонуфузе дар бораи кайҳон дар NASA шудаанд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон "Oogway Comics" ба даври ниманиҳоии "Space Apps Challenge 2021", ки аз ҷониби NASA баргузор мешавад, роҳ ёфт.
Писарону духтарони точик ба руйхати 37 командаи пурзуртарин дохил шуданд. Ва танҳо 10 нафари беҳтарин ба феҳристи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибон имконият пайдо мекананд, ки ба ИМА сафар карда, дар раванди ба фазо парвоз кардани ракета иштирок кунанд.
Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, номи ғолибони озмун моҳи декабри соли 2021 эълон хоҳад шуд.
Мӯниса Нарзуллоева, донишҷӯи донишгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
“Интернет шах шуд, вагарна ҷойи аввалро мегирифтам”: пирӯзии Муниса дар озмуни кишвари Чин
Дар доираи озмун дастаи "Oogway Comics" вазифаи сохтани “астероидҳои моҳирона равшаншуда” бар душ гирифта, як китоби комикс ва барномаи мобилиеро таҳия кард, ки ба ҷавонон дар бораи Миссияи "Люси"-и NASA барои омӯхтани астероидҳои троянӣ (боқимондаҳои системаи офтобӣ ) маълумот медиҳад.
“Мақсади асосии лоиҳаи мо ба тамошобинон расонидани паёмест, ки ҳар як шахс ба таври худ беназир аст ва агар онҳо ба он бовар кунанд ва ба сӯи он бираванд, комилан метавонад ба ҳама гуна ҳадафҳои худ бирасанд. Бартарии асосӣ дар он аст, ки мо ин паёми созандаро дар шакли илмӣ пешниҳод мекунем”, - омадааст дар шарҳи лоиҳа дар вебсайти озмун.
Школьники сидят за партой в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Хонандаи синфи се дар Хуҷанд аз озмуни байналмилалӣ медали тилло гирифт
Ҳайати даста аз чаҳор сокини ҷавони Душанбе: Тимур Шарифов, Малика Очилова, Баҳодур Ишонхоҷаев ва Шероз Ҷӯраев иборат аст.
Ёдовар мешавем, ин аввалин роҳёбӣ ба даври ниманиҳоии озмуни бонуфузи NASA барои намояндагони Тоҷикистон аст.
Лентаи хабарҳо
0