Ҳушдори СММ аз вазъи вахими низоми молии Афғонистон

© AP / Allauddin KhanМужчина держит в руках деньги, афгани
Мужчина держит в руках деньги, афгани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар дар бораи буҳрони дарпешистодаи иқтисодии Афғонистон ҳушдор доду гуфт, низоми бонкӣ ва молии ин кишвар дар ҳоли суқут қарор дорад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран гуфт, Барномаи рушди СММ дар гузорише эълом кардааст, ки қарзҳои пардохтнашудаи бонкӣ дар Афғонистон аз 30 дарсади поёни соли 2020 ба 57 дарсад расидаанд, хабар додааст ИРНА.

“Барномаи тавсеаи Созмони Милал тахмин мезанад, бо идомаи бардошти пул аз ҳисобҳои бонкӣ супурдаҳои бонкӣ дар Афғонистон то поёни соли равон 40 дарсад коҳиш меёбад”, - гуфт вай.

Сухангӯи Созмони Милал ҳамчунин қайд кард, ки тақозои кумаки молии ин созмон барои 11 миллион нафар дар Афғонистон ба арзиши 606 миллион доллар ба таври комил таъмин шудааст.
Мушкилоти иқтисодӣ дар Афғонистон пас аз ба қудрат расидани толибон вуҷуд омад. Дар ин кишвар ҳоло фақру бекорӣ бо шуруи фасли сармо дар ҳоли рушд аст.
 Центральный банк Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
СММ аз фурӯпошии низоми бонкии Афғонистон ҳушдор дод
Ниҳодҳои байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ба бадтарин фоҷеаи башарӣ мунҷар хоҳад шуд.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, дар сурати фурӯпошии низоми бонкии Афғонистон барои бозсозии он даҳсолаҳо лозим хоҳад шуд.
Пеш аз ба қудрат расидани толибон низоми бонкии Афғонистон низ осеб дида буд ва ин вазъ пас аз ба дасти ҷангҷӯён афтидани Кобул ва қатъи кумакҳои хориҷию масдудсозии захираҳои Бонки марказии Амрико шиддат гирифт.
Қаблан Салиби Сурх ва дигар созмонҳои байналмилалӣ камбуди пули нақд дар Афғонистонро як мушкили ҷиддӣ хонда, хостори рафъи он шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала