Муноқишаи хунин дар Маскав бо маргу захмӣ шудани бародарони тоҷик поён ёфт

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Муноқишае дар Маскав бо кордзанӣ ва марги як зодаи Тоҷикистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Задухӯрди навбатӣ бо ширкати муҳоҷирон дар Маскав ба вуқуъ пайваст, хабар медиҳад "Telegram-канал"-и "МК: срочные новости"
Шаби сешанбе дар ҷанубу шарқи Маскав задухӯрди маргборе рух дод. Дар зимни он дар назди як тарабхонаи тезтайёр дар кӯчаи Люблинская чанд шаҳрванди хориҷӣ аз силоҳи сард истифода карданд, ки як нафар куштаву як тани дигар захмӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, бар асари ин муноқиша шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Инъомҷон Куганов бо захмҳои корд аз китфу пушт ба бемористон интиқол ёфт. Маълум шуд, ки ӯ дар ин бархӯрд сархуш будааст.
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Сабаби муноқишаи тоҷикону чеченҳо дар Митиши маълум шуд
Иштирокчии дигари ин муноқиша, ки кушата шуд, баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти ӯро муайян карданд. Ӯ бародари калонии Бобомурод Куганов будааст.
Кормандони пулис то ҳол ҷинояткоронро пайдо накардаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи як занозании умумӣ бо ширкати беш аз 20 нафар дар Санкт-Петербург боздошт шудааст.
Ин нахустин бархӯрди муҳоҷирон дар Русия нест, балки дар солҳои гузашта низ чунин ҳаводис иттифоқ меафтоданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала