Мясников гуфт, истифодаи як нӯшокии маъмул ҳангоми зуком қатъиян манъ аст

© Sputnik / Владимир Песня / Гузаштан ба хазинаи аксВрач и телеведущий Александр Мясников
Врач и телеведущий Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Дар ҳолати ин беморӣ парҳези махсус лозим аст, ки ба он дохил кардани яке аз маҳсулоти маъмул тавсия дода намешавад
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Ҳангоми шамолкашӣ ва зуком нӯшокиҳои спиртӣ нахӯред. Дар ин бора духтур Александр Мясников дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 1" гуфт.

"Истифодаи чӣ мумкин нест? Шароб мумкин нест. Ҳамин ки фикр кардед, ки "як пиёла бинӯшам?" ин маънои онро дорад, ки шумо сиҳат мешавед", - гуфт духтур.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми чунин бемориҳо набояд ғизои худро маҳдуд кард, метавонед "ҳар чизе, ки ҳаст, бихӯред".
Мясников инчунин тавсия дод, ки шӯрбои мурғ, ки аз рӯҳ ва магний бой аст, ба парҳез дохил карда шавад. Нӯшокиҳое аз қабили асалчой ва шарбат низ муфид буда метавонанд.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олим СҶБ-ро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва пайдоиши коронавирусро шарҳ дод
Дар баробари ин беҳтар аст, аз истифодаи барзиёди витамини С худдорӣ кунем. Ин витамин бар хилофи стереотипҳои муқарраршуда, табобатро суръат намебахшад, хулоса Мясников.
Қаблан маҷаллаи олмонии "Focus" чаҳор иштибоҳеро номбар карда буд, ки одамон ҳангоми муолиҷаи шамолхӯрӣ мувоҷеҳ мешаванд. Дар байни онҳо сӯистифода аз қатраҳо барои бинӣ номбар мешавад. Ҳангоми истифодаи тӯлонии ин қатраҳо луобпардаи бинӣ вайрон мешавад ва қатрачаконӣ барои шумо одат мешавад. Ба гуфтаи пизишкон, истифодаи қатраҳо барои бинӣ аз як ҳафта бештар набояд истифода шавад.
Хатои дигар ин ҳароратро паст кардан аст. Коршиносон мегӯянд, ки ҳарорати баланд ба системаи масуният кумак мекунад, ки бо микроорганизмҳои патогенӣ беҳтар мубориза барад. Ҳарорати баланд реаксияҳои зарурии муҳофизатиро метезонад.
Мужчина на высушенной плотине Manjara Dam в Индии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Олимон аз гармии даҳшатбор ҳушдор медиҳанд: ҳамарӯза ҳазорон нафар мефавтанд
Коршиносони "Focus" даъват карданд, ки набояд ҳарорати кӯдаконро аз 38 ва аз калонсолонро аз 38,5 дараҷа поин бурд.
Хатои дигар зимни табобати шамолхӯрӣ ва зуком ин даст кашдиан аз истироҳат ва ба сауна рафтан аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала