Қурби рубл дар Тоҷикистон коҳиш ёфт: бозори арз

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкРубль, архивное фото
Рубль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон пас аз гарониҳои аввали моҳи ҷорӣ дар ҳолати коҳишёбӣ қарор дошта, танҳо давоми як рӯзи ахир 3 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи иттилои БМТ, арзиши як рубли русӣ ҳоло 0.1506 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 22 ноябр дар кишвар бар ивази 1000 рубл 1533 ва дар овохири моҳи октябр 161 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7475 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Асъори амрикоӣ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2994 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондиҳанда як рӯз пеш 11.2954 буд.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2994 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7475 то 12.8200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1506 то 0.1515 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0