Садамаи мудҳиши пурқурбонӣ дар Булғористон: даҳҳо кӯдак ҳалок шуд

© AFP 2023 / Dimitar KyosemarlievПолиция и спасатели рядом со сгоревшим автобусом в Болгарии
Полиция и спасатели рядом со сгоревшим автобусом в Болгарии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Обуна шудан
Чиҳилу панҷ кас, аз ҷумла 12 кӯдаки мусофири автобуси сайёҳӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Як автобуси сайёҳӣ аз Македонияи Шимолӣ дар Булғористон рӯзи сешанбе ба садамаи даҳшатбор дучор шуд, хабар медиҳад БГНЕС.
Қайд мешавад, ки пас аз садама автобус ҳамроҳ бо мусофирон оташ гирифтааст. Ин ҳодисаи нохуш дар шоҳроҳи Струма, дар масири София — Благоевград рӯй додааст.
Садамаи нақлиётӣ тақрибан соати 03:00 (06:00 ба вақти Душанбе) сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, 45 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар миёни онҳо 12 кӯдак низ ҳаст. Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ автобус 52 мусофир доштааст.
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Бишкек - Ӯш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Ӯш: ҳафт тан ҳалок ва 15 нафар захмӣ шуд
Тибқи маълумоти пешакӣ, ду зан ва панҷ мард аз ин садама ҷон ба саломат бурда ва дар беморхона бистарӣ шудаанд. Вазъи онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Амалиёт дар ҷои ҳодиса идома дорад. Ҳанӯз гуфта нашудааст, ки сабаби садама дар шоҳроҳи Булғористон чӣ будааст.
Дар баробари ин ҳаракат дар ду самт, дар шоҳроҳи Струма, маҳалле, ки садама рух додааст, муваққатан маҳдуд шудааст.
Мақомоти Македонияи Шимолӣ аллакай дар робита ба ин фоҷиа изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0