СММ шумораи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро эълон кард

© AP / Rahmat GulРебенок боевиков ИГ, задержанных в Афганистане
Ребенок боевиков ИГ, задержанных в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Комиссариати олии паноҳандагони СММ теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро, ки ба таври қонунӣ ба кишвар омадаанд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо дар пайи дарёфти мақоми паноҳандагӣ ҳастанд. Дар ин бора намояндаи минтақавии комиссари олии осиёимарказии СММ Ҳанс Фридрих Шоддер хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, нисфи гурезагон аз ин теъдод дар соли 2020 ва қисме соли ҷорӣ, ҳатто қабл аз бастани расмии марзҳо бо Афғонистон ба ҷумҳурӣ омадаанд.

"Онҳо ба таври қонунӣ, тавассути ҳавопаймо, бо раводид ва шиноснома омадаанд", - гуфт Шоддер.

Шоддер таъкид кард, ки якҷоя бо дигар ташкилотҳо ба гурезаҳои афғонистонӣ дар ҷиҳати дастрасӣ ба таълим ва кор ёрӣ мерасонанд.
Дар ҳамин ҳол қаблан дафтари Комиссариати олӣ дар умури паноҳандгони СММ дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 14 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебарад.
Здание ООН в Нью-Йорке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Изҳори нигаронии СММ аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон
Дар робита ба ин Тоҷикистон ва Комиссариати олии СММ аллакай иқдомоте дар ҷиҳати вокуниш ба ҳодисаи вуруди изофии паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварро баррасӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо Шоддер мулоқот карда, вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди ройзанӣ қарор додааст.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои КҲФ ва ниҳоди байналмилалии мазкур дар қиболи таҳдидҳои нав, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала