Соҳибкорони вилояти Красноярски Русия ба Суғд меоянд

© Sputnik / Стас ЭтвешГород Худжанд, архивное фото
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Соҳибкорони вилояти Красноярски Русия бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошно мешаванд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Бинобар иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, 24 ноябр гурӯҳи соҳибкорони вилояти Красноярски Русия бо сафари чоррӯзаи корӣ ба вилояти Суғд меоянд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи сафари корӣ соҳибкорони рус бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дидан менамоянд.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Иттилоъ дода шудааст, ки тоҷирони рус бо соҳибкорони вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, доир ба таҳкими робитаҳо ва додугирифти молу маҳсулот гуфтушунид мекунанд.
Бояд гуфт, бо мақсади расидан ба афзалияти миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин раванд ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ “Суғд”, “Панҷ”, “Данғара”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” таъсис дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала