Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Чӣ гуна шаҳри Ваҳдат аз COVID - 19 эмин мешавад - навори ваксинзанӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон нишон дод, ки раванди ваксинзанӣ дар шаҳри Ваҳдат чӣ гуна ҷараён дорад
Бино ба гузориши масъули Вазорати тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат, ки аҳолии умумии қобили ваксинаи он 223 ҳазор касро ташкил медиҳад, 68,8 дарсад аз коронавирус эмин шудааст.
То рӯзи 23 ноябр дар Ваҳдат 153 ҳазору 483 нафар ваксина гирифтааст, ки 68,8 дарсади аҳолии аз 18-сола болои ин шаҳрро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр аз ин теъдод вояи якумро 83 ҳазору 615 кас ё 37,5 % ва вояи дуюмро 69 ҳазору 868 нафар ё 31,3 фоиз гирифтаанд.
Тоҷикистон боз ду навъ ваксинаи зидди коронавирусро дастрас кард
Гуфта мешавад, ки ваксинзанӣ дар маҳалҳои алоҳидаи шаҳр бо ҷалби гурӯҳҳои вижаи корӣ роҳандозӣ шудааст.
Масъулин мегӯянд, дар ин росто дар шаҳри Ваҳдат ягон камбудӣ мушоҳида намешавад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ваксинзанӣ ягона роҳи муассири мубориза бар зидди коронавирус мебошад.
Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд? Омори вазорат
Дар ин росто ин ниҳод аз мардум даъват мекунад, ки ба марказҳои саломатии маҳалли худ муроҷиат намуда, худро аз ин вабои аср эмин кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ваксинзанӣ дар Тоҷикистон аз моҳи март оғоз шуд ва он барои аҳолии аз 18-сола боло ҳатмӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала