Раёсати ҲНО аз Назарбоев ба Тоқаев мегузарад

© Sputnik Владислав Воднев / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев (справа) и экс-президент Казахстана Нурсултан Назарбаев
Председатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев (справа) и экс-президент Казахстана Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Раёсати Ҳизби Нур Отан аз Назарбоев ба Тоқаев мегузарад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Ҳизби Нур Отан (Ҳизби Нури Ватан)-ро, ки то кунун Нурсултон Назарбоев раисӣ мекард, раҳбарӣ мекунад.
Дар ин бора дар пайи ҷаласаи васеи шӯрои сиёсии ин ҳизб иттилооте расонаӣ шуд.

"Дар ҷаласаи васеи Шӯрои сиёсӣ Нурсултон Назарбоев бо таъкид ба он ки ҳизбро бояд раисҷумҳури кишвар раҳбарӣ намоянд, тасмим гирифт, ки салоҳиятҳои раиси Ҳизби Нур Отанро ба уҳдаи кишвардори кунунӣ вогузор кунад ", - гуфт котиби матбуотии ӯ Айдос Укибой.

Вай афзуд, ки тартиби интиқоли маснади раисӣ тибқи оинномаи ҳизб сурат хоҳад гирифт. Тибқи оиннома интихоб ва озод кардани раиси ҳизб ҳаққи истисноии анҷумани он аст.
Ҳизби Нури Ватан ҳизби пешбари сиёсии Қазоқистон аст, ки соли 1999 таъсис ёфта, солҳои тӯлонӣ таҳти раҳбарии Нурсултон Назарбоев арзи ҳастӣ кардааст.
Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Назарбоев хостори пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё шуд
Тавре дар торномаи ҳизб қайд шудааст, Ҳизби Нур Отан ташаббускор ва барандаи асосии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ дар ин кишвар мебошад.
Ёдрас мешавем, ки президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 19 марти соли 2019 зимни муроҷиати телевизионӣ ба мардуми кишвар аз раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар истеъфо дод.
Он замон ӯ гуфт, ки бо истеъфо аз маснади президентӣ ба унвони раҳбари Ҳизби Нур Отан ва аъзои Шӯрои конститутсионӣ боқӣ мемонад.
Пешсафии ҳизби “Нур Отан”-и Назарбоев дар интихоботи парлумонии Қазоқистон
Дар баробари ин Назарбоев то чанд вақти пеш вазифаи раиси Маҷмаи мардумии Қазоқистон буд.
28 апрели соли 2021 маълум шуд, ки Назарбоев раисии Маҷмаи мардумии Қазоқистонро низ тарк мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала