Занони пуртазоди тоҷик дар саҳнаи Русия: Дина ва Манижа ҷоизаи мудро "тарконданд"

© Sputnik / Екатерина ЧесноковаПевица Манижа - лауреат премии "Женщины года Glamour" 2021 в категории "Певица года".
Певица Манижа - лауреат премии Женщины года Glamour 2021 в категории Певица года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Машҳуртарин занҳои тоҷик дар Русия Манижа Сангин ва Дина Саева дар ҷоизаи солонаи занони сол "Glamour - 2021" бо либосҳои зидду нақиз дурахшиданд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Маскав маросими ҷоизасупории занони сол "Glamour - 2021" баргузор шуд, ки дар он бори нахуст якбора ду зани тоҷик ширкат кард.
Овозхон Манижа Сангин ва блогнависи муд Дина Саева ба саҳнаи ҷоизаи мӯд ворид шуданд ва ҳамаро ҳайратзада карданд.
Манижа на танҳо меҳмони даъватшуда буд, балки ӯро сарояндаи сол эълон карданд.
Қобили зикр аст, ки ҳар ду зодаи Тоҷикистон тавонистанд бо либосҳои интихобкардаи худ бар рӯи қолини сурх аз дигарон ба куллӣ фарқ кунанд.
Бо вуҷуди он ки пироҳанҳои занони тоҷик ба ҳамдигар дар тазод буд, ба назар менамуданд, ҳам Манижа ва ҳам Дина тавонистаанд, ки каме аз сабки шарқиро ба образ ворид кунанд.
Певица Манижа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Маҷаллаи "Glamour" Манижаро сарояндаи сол эълон кард
Манижа бо халъати васеи атласи миллӣ ба саҳна баромада, мӯйи сарашро дар як кокули дароз ҷамъ карда буд. Дар зери ҷома ӯ болопӯши симдор ва шими хокистарранги дурахшон дошт.
© WMJ.ruДина Саева на премии "Женщины года Glamour - 2021"
Дина Саева на премии Женщины года Glamour - 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Дина Саева на премии "Женщины года Glamour - 2021"
Аммо "Маликаи Тик-Ток" як либоси пешбози сиёҳро интихоб кардааст: топи кӯтоҳ, мини-юбка ва болопӯши бодкунакӣ.
Вале мухлисон бештар ба ороиши муйи Дина Саева диққат медоданд.
Дина "тоҷикона" мӯйҳояшро майдабофӣ карда, дар пушти сар ҷамъ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала