Рӯзи парчами давлатӣ: 24 ноябр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 24 ноября
День 24 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Бисту чоруми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи парчами давлатӣ, дар Русия Рӯзи модарон ва дар Амрико Рӯзи дӯстон таҷлил мешавад

Рӯзи 24-уми ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1996 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Беларус беш аз 70 фоизи аҳолӣ Конститутсияи пешниҳоднамудаи президент Александр Лукашенкоро ҷонибдорӣ карданд.
Соли 1961 изҳороти СММ дар бораи манъи истифодаи яроқи ядроӣ қабул гардид.
Соли 1969 киштии кайҳонии "Аполлон-12" ба самти Моҳ парвоз кард.
День 23 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Заминҷунбие, ки ҷони панҷ ҳазор нафарро рабуд: 23 ноябр дар таърих
Соли 2005 дар шаҳри Алмато Анҷумани панҷуми мутахассисони корҳои молияи Қазоқистон доир гардид.

Рӯзи 24-уми ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин бор ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омад.
Соли 2010 бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, он 30 августи соли 2011 дар пояи 165-метрӣ, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, парафшон гардид.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ барпо шуд.
День 21 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Рӯзи салом: 21 ноябр дар таърих
Соли 2016 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии "Таҳсилоти пайваста барои рушди устувор" баргузор шуд.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе шарҳи муштараки ҳарсолаи амалигардии барномаи "Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020" гузаронида шуд.
Соли 2014 доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувейт баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои 24 ноябр

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи парчами давлатӣ.
Дар Русия - Рӯзи модарон.
Дар Амрико - Рӯзи дӯстон.

Рӯзи 24-уми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1939 – адабиётшинос Назира Қаҳҳорова.
Соли 1942 – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева.
Соли 1947 – рӯзноманигор ва нависанда, сармуҳаррири "Курьер Таджикистана" Муҳаммадҷон Тоштемиров.
Соли 1950 – хабарнигори Шаҳбозхон Саркориев.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала